Суҳроби Сипеҳрӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |Ном = Суҳроби Сипеҳрӣ |Номи аслӣ = |Акс = |Тавсифи акс = |Ном...
(бе тафовут)

Нусха 05:18, 25 май 2017

Суҳроби Сипеҳрӣ аз шоирон муосири Эрон ба шумор рафта, дорои сабки хос аст, ки намунаи ибрати шоирони пас аз худ ба хисоб меравад.

Суҳроби Сипеҳрӣ
Таърихи таваллуд: 7 октябр 1928(1928-10-07)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 21 апрел 1980(1980-04-21)[2][1] (51 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рассом, шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ[2]
Имзо: имзо
sohrabsepehri.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Суҳроби Сипеҳрӣ дар соли 1928 дар аҳри Кошон ( аз шаҳрҳои марказии Эрон) ба дун омад ва таҳсилоти худро дар ҳамон шаҳр гузаронид ва сипас ба омӯзгори машғул шуд ва баъдҳо дар риштаи наққошӣ дар донишкадаи ҳунарҳои зебо идомаи таҳсил дод. Суҳроб аз соли 1953 фаъолона ба шеър ва наққошӣ ва сафарҳои ҳунари дар кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ пардохт. Дар оғоз ӯ низ монанди бисёре аз навпардозони ҳамасри худ бо формҳои чаҳорпора ва шабеҳи нимоӣ, мутассир аз Таваллулӣ ва Нимо вориди саҳнаи шеър шуд. Аммо ошноии амиқи ӯ бо ҳун6арҳои ирфон ва адёну асотири Машриқзамин аз ч\як сӯ ва шеъру ҳунари модерни Ғарб, аз дигар сӯ, вайро ба қаламравҳои тозатаре кашонд ва бавижа баъд аз интишороти ду китоби худ, яъне “Садои пои об” ва “Мусофир” ва баъдҳо китоби “Ҳаҷми сабз” биниши Сипеҳрӣ ва тавони шоирии ӯ ба авҷи худ расид ва ҷойгоҳи ӯ ба унвони яке аз қулланишини шеъри муосири тасбит шуд. Ин осори дар бар дорандаи барҷастатарин шохисаҳои шеъри Сипеҳрӣ, яъне тозагӣ, шаффофият ва балоғати зеҳну забон, табиатгароии жарф ва авотифу андешаҳои латифи инсонӣ тавъам бо ғанои орифона бар бистари модернизме зинда ва пуртапишанд. Забони Сипеҳрӣ дар даврони авҷи шеърӣ забоне аст зулол, тасвире пур ҳиссу ҳодиса ва саршор аз шигардҳои шоиронае назири маҷоз, ҳисомезӣ, шахсиятбахшӣ ба ашё, ҳинҷоршиканӣ ва ғайра, ки бо баҳрагири аз лаҳни гуфторӣ фасле тоза дар сохтори каломии шеъри имрӯз кушодааст. Шеъри ӯ саршор аз тасовири тозаву зулол ва зоё аст. Ҳамзистии самимона бо ашё ва падидаҳо ӯро ба самти руъияте ошиқона аз табиати шуурманду орифона раҳнамун сохтааст, аз ин рӯ омезае аз табиатситоии романтикҳои Аврупо ва табиатгароии орифоне шарқӣ дар бисёре аз осори ӯ пайдо аст. Ҳамон тоавр, ки баҳрагирӣ аз техникаҳои наққошии модерн дар таквини зеҳну забони модерни ӯ муассир будааст. Дар ҳақиқат метавон гуфт, Сипеҳрӣ шоири оромиши обӣ ва халсаи сабз аст ва дағдағаи дарунии ӯ расидан ба жарфҳои асрори ҷовидонаи ҳастист, аз ин рӯ ба роҳатӣ аз канори тӯфонҳо ва туғёнҳои бераҳми айнӣ мегузарад. Биҳишти ормонӣ ва мадинаи фозилаи ӯ ҷаҳонест холӣ аз зиштӣ ва саршор аз зебоӣ ва ӯ кӯтоҳтарин роҳи мумкин барои расидан ба ин ормоншаҳр ва мадинаи фозиларо сулуки фардӣ ва инзивои орифона медонад. Ирфони ӯ бар пояи омӯзаҳои Будо, Кришно Муртӣ (орифи муосири ҳиндӣ), Лау Тсе (файласуфи чинӣ) аст, ҳамроҳ бо рагаҳое аз ирфони исломӣ ва эронӣ. Аз ин рӯ дар шеъри Сипеҳрӣ ҷаҳонбинӣ, ҷоӣ идеологияро мегирад ва тааҳҳуд ба зиндагӣ ва зебоиҳо, ба ҷои тааҳҳуди иҷтимоӣ менишинад. Сипеҳрӣ монанди Фурӯғи Фаррухзод дар масири такомулии шакл ва сохтори шеъри худбо убур аз шеваи нимоӣ ба офоқи фаронимоӣ расид, яъне ба навъе вазни саёлӣ ҳисси гароид. Фурғӯ дар мавриди шеъри Сипеҳрӣ мегуфт: “Ӯ аз шаҳру замон ва мардуми хосе сухан намегӯяд, ӯ аз инсон ва зиндагӣ ҳарф мезанад ва ба ҳамин далел васеъ аст”. Аз як манзури дигар метавон гуфт Сипеҳрӣ шоири дилтангиҳо ва танҳоист ва орифмашрабу табиатгаро, андешаҳои ирфонӣ ӯро чунон ба падидаҳои офариниш фаро мехонад ва дар худ фурӯ мебарад, ки бо он пайваста ва ягонаву дамсоз мешавад ва гӯӣ дар зоти падидаҳо ва аносире ҳал мешавад ва бо онҳо ба ягонагӣ ва иттиҳоди ошиқу маъшуқ мерасад. Тавонмандиҳои дарунмояи шеъри аз вижагиҳои сабки сухани Сипеҳрӣ аст, ки ӯро аз дигар шоирони навпардози имрӯз мутамоиз мекунад ва аз ин рӯ бояд гуфт вай шоирест, ки пас аз фарозу фурудҳои забонӣ ва таъсирпазирӣ аз шоироне ҳамчун Мавлавӣ ва ё муосиронаш ҳамчун Фурӯғ, Таваллулӣ ва ғайра. Саранҷом ба забоне зулолу шаффоф ва ҷаззобу ҷолиби дастёфт ва шоире соҳибсабку таъсиргузор шуд ва яке аз қуллаҳои рафеи шеъри муосири Эрон гашт. Вай дар соли 1980 даргузашт ва майбарааш дар Кошон аст.

Аз ҷумлаи осори ӯ

“Марги ранг”, “Дар канори чаман”, “Оромгоҳи ишқ”, Зиндагии хобҳо”, “Овори офтоб”, “Шарқи андӯҳ”, “Ҳаҷми сабз”, “Утоқи обӣ”, “Ҳашт китоб”

Намунаи ашъор

Пушти дарёҳо

Қоиқе хоҳам сохт,
Хоҳам андохт ба об.
Дур хоҳам шуд аз ин хоки ғариб,
Ки дар он ҳеҷ кас нест, ки дар бешаи ишқ
Қаҳрамононро бедор кунад.
Қоиқи аз тӯр тиҳӣ
Ва дил аз орзуи марворид,
Ҳамчунон хоҳам ронд.
На ба обиҳо дил хоҳам баст
На дар ба дарё- париёне. Ки сар аз об бадар меоранд
Ва дар он тобиши танҳоии моҳигирон
Мефишонанд фусун аз сари гесӯҳошон.
Ҳамчунон хоҳам ронд,
Ҳамчунон хоҳам хонд:
Дкр бояд шуд, дур,
Марди он шаҳр асотир надошт.
Зани он шаҳр ба саршории як хӯшаи ангур набуд,
Ҳеҷ оинаи толоре сархушиҳоро такрор накард.
Чола обе ҳатто, машъалеро нанамуд.
Дур бояд шуд, дур.
Шаб сурудашро хонд,
Навбати панҷараҳост.


Ҳамчунон хоҳам ронд,
Ҳамчунон хоҳам хонд:
Пушти дарёҳо шаҳрест
Ки дар он панҷараҳо рӯ ба таҷаллӣ боз аст.
Бомҳо ҷои кабӯтарҳоест, ки ба фаввораи
Ҳуши башари менигаранд.
Дасти ҳар кӯдаки даҳ солаи шаҳр шохаи
Маърифатест.
Мардуми шаҳр ба як чина чунон менигаранд,
Ки ба як шуъла, ба як хоби латиф.
Хок мусиҷии эҳсоси туро мешунавад
Ва садои пари мурғони асотир меояд дар бод.
Пушти дарёҳо шаҳрест,
Ки дар он вусъати хуршед ба андозаи чашмони
саҳархезон аст
шоирон вориси обу хираду равшанианд.
Пушти дарёҳо шаҳрест!
Қоиқе бояд сохт.

Манобеъ

• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ – 163 • • •

  1. 1.0 1.1 Babelio (фр.) — 2007.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.