Қайсари Аминпур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |Ном = Қайсари Аминпур |Номи аслӣ = |Акс = |Тавсифи акс = |Ном...
(бе тафовут)

Нусха 08:41, 25 май 2017

Қайсари Аминпур
Таърихи таваллуд: 23 апрел 1959(1959-04-23)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 30 октябр 2007(2007-10-30) (48 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, таронасаро
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор
Чаро оқилонро насиҳат кунем?
Биёед аз ишқ сӯҳбат кунем.

Зиндагинома

Қайсари Аминпур 23 апрели соли 1959 (2 урдибиҳишт 1338) дар яке аз шаҳрҳои ғарбии Эрон таваллуд ёфта аст. Ӯ рисолаи номзадии худро дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ аз донишгоҳи Теҳрон дар соли 1997 гирифт ва дар Донишгоҳи "Ал-заҳро" ва Донишгоҳи Теҳрон тадрис мекард. Рисолаи номзадии ӯ "Равиш ва навовари дар шеъри муосир " ном дошт, ки ба роҳбари дотсент "Муҳаммадризо Шафеи Кадканӣ" анҷом шуд. Аминпур фаъолияти ҳунарии худро аз соли 1979 оғоз кард ва дар соли 2003 ба унвони узви "Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ" интихоб шуд. Ӯ дар 30 октябр 2007 дар пайи беморӣ аз олам чашм пӯшид ва дар зодгоҳи хеш ба хок супорида шуд.

Мероси адабӣ

Аввалин маҷмӯаи шеърашро бо номи "танаффуси субҳ", ки бахши зиёди он ғазал буд бо бист қитъа шеъри озод дар соли 1984 нашр гардид ва дар ҳамин сол дуввумин маҷмӯаи шеъраш "дар кӯчаи офтоб"-ро ба бозор фиристод. Дар соли 1986 манзумаи "Зӯҳри рӯзи даҳум" ба бозор меояд, ки шоир дар ин манзума 28 сафҳаи зӯҳри ошуро, Карбало ва танҳоии ишқро ба унвони ҷавҳараи сурудаи баландаш дар назар мегирад. Китоби баъдии ӯ бо номи "Оинаҳои ногаҳон" таҳаввули кайфӣ ва каммӣ (дигаргунии чигунагӣ ва чимиқдорӣ) Аминпурро бозтоб медиҳад; дар ин марҳала ӯ ба дарки рӯшантаре аз шеъри ва адабиёт мерасад. Ашъори ин дафтар нишон аз тафаккур ва андешае медиҳад, ки дар сохтори нав арза мешавад. Оинаҳои ногаҳон, Аминпурро ба унвони шоири таъсиргузор дар зумраи ҳанармандони пешрави инқилоби исломӣ Эрон устувор мекунад. "Гулҳо ҳама офтобгардонанд" низ дар соли 2002 нашр гардид ва бо истиқболи хубе рӯ ба рӯ шуд. Пас аз он маҷмӯаи "Дастури забони ишқ" дар соли 2007 чоп шуд, ки ба суръат ба чопҳои мутааддид расид. Ӯ китобҳои шеър ва насри дигаре бо номҳои "Мисли чашма, мисли рӯд", " Бебол паридан", "Тӯфон дар қавс", "Ба қавли парасту", ва ду асари пажӯҳашӣ "Кӯдакӣ ва шеър" ва "Равиш ва навоварӣ дар шеъри муосир"-ро низ равонаи бозор кард.

Хусусиятҳои шеърӣ

Шеъри равон ва пурмаънои Аминпур дорои хусусиятҳое аст, ки метавон ба сурати зер онҳоро дастабандӣ кард: 1. Мазмуни бикр: ҳушёрӣ ва диққати назари Аминпур аз ӯ шоире мазмунёб ва нуктапардоз сохта аст. Мазмунёбӣ ва нуктапардозии ӯ аз навъе нест, ки вайро ба зеҳн ва забонаш роҳ диҳад. Мисли шоирони сабки ҳиндӣ хусусияти забони ӯ дар ойни содагӣ ва равонӣ, аз зебои чашмгири бархӯрдор аст. 2. Андешаҳои нав: як тафаккури суннати ба ин бовар аст, ки ҳар чи буда, гузаштагон ва дигарон суруда ва навиштаанд. Пас ончи суруда ва навишта мешавад, тозагӣ ва тароват надорад ва дастикам тафсире аз осори онон аст. Аммо посухи дигар ҳаст ки мегӯяд: ҳама чизро ҳамагон донанд ва ҳамагон ҳанӯз ва ба халқ ва кашфи мудоми ҳунари бовар доранд. Қайсар яке аз шоироне аст, ки дар ин замина талоши хуберо саргирифт. 3. Забони имрӯзӣ: Аминпур да шеърҳояш мекӯшад аз забони имрӯзи дар ниҳояти равонӣ истифода кунад ва риояти комили қавонин ба кор гирифтани киноёт ва истилоҳот ба ғиноии забони ӯ кӯмак мекунад. 4. Гуногунии мавзӯот: мавзӯоти баргузидаи ӯ, ом ва мутаалиқ ба мардум аст ва тозагӣ ва таровати хубе доранд ва ин фаъолият ва ҳаҷми зеҳнияти ӯро нишон медиҳад. 5. Вазн: яке аз роҳҳои иртибот бо мухотаби ом дар шеър истифода аз вазни ритми вожаҳои мавзун ва хушоҳанг аст ва Аминпур аз ин авзон дар шеърҳояш ба танаввуе истифода карда аст. Қайсар дар баёни дигарон Пас аз даргузашти Аминпур бисёре аз шуаро ва адибон дар ғами аз даст додани ӯ матолибе нашр карданд, ки ба баъзе аз онҳо ишора мешавад: Дотсент Саййидалӣ Мусавӣ Гарморудӣ: Қайсари Аминпур аз маъдуди қуллаҳои адаби форсӣ буд. Ӯ бо вуҷуди синни кам, баъд аз Нимо Юшиҷ аз таъсиргузоронтарин шоирони наслҳои баъд ва ҳамдавраҳои худ буда аст. Шеъри Аминпур тамоми хусусиятҳои як шеъри мутаолӣ, хушформ бо сохтори маҳкам, таҳлили қавӣ, баёни равшан ва саршоре аз самимиятро дорост. Равоншод дотсент Қайсари Аминпур, дар оғози шукуфоӣ ҳунарии худ буд ва ҳама асбоби пешрафт ва расидан ба марҳалоҳои баландтари шеър ва адабро дар худ ҷамъ дошт: яъне қареҳаи саршор ва ҳушманди ва муморисат ва муҳимтар аз ҳама самимият дар эҳсос. Дар миёни осори шеърии вай , маҷмӯаи оинҳои ногаҳон ва низ дастури забони ишқ барҷастатар ва дилчасптар аст. Дар ҳавзаи пажӯҳиш низ ҳам китоби “Суннат ва навоварӣ дар шеъри муосир” ва ҳам китоби “Кӯдакӣ”-и вай, ду асари илмӣ ва ҷиддӣ ва бисёр пурбор ва бадеанд.

Ду ғазал аз Қайсари Аминпур

Чистон

Мо гунаҳкорем, оре ҷурми мо ҳам ошиқӣст
Оре аммо онки одам ҳасту ошиқ нест, кист?
Зиндагӣ бе ишқ агар бошад, ҳамон ҷон кандан аст
Дам ба дам ҷон кандан эй дил кори душворест, нест?
Зиндагӣ бе ишқ агар бошад, лабе беханда аст
Бар лаби беханда бояд ҷои хандидан, гирист
Зиндагӣ бе ишқ агар бошад, ҳубути доим аст
Онки ошиқ нест, ҳам инҷо ҳам онҷо дӯзахист
Ишқ айни оби моҳи ё ҳавои одам аст
Метавон эй дӯст бе обу ҳаво як умр зист?
То абад дар посухи ин чистони беҷавоб
Бар дари девор мепечад танин чист? Чист?...

Дӯстона

Чаро оқилонро насиҳат кунем?
Биёед аз ишқ сӯҳбат кунем
Тамоми ибодоти мо одат аст
Ба беодатӣ кош одат кунем
Чи ишкол дорад пас аз ҳар намоз
Ду ракъат гулеро ибодат кунем?
Ба ҳангоми ният барои намоз
Ба Аллоҳ қасди қурбат кунем
Чи ишкол дорад, ки дар ҳар қунут
Даме бишнав аз най ҳикоят кунем?
Чи ишкол дорад дар оинаҳо
Ҷамоли Худоро зиёрат кунем?
Магар мавҷи дарё аз дарё ҷудост?
Чаро бар "яке" ҳукми "касрат" кунем ?
Парокандагӣ ҳосили касрат аст
Биёед тамрини ваҳдат кунем
"Вуҷуди" ту чун айни "моҳият" аст
Чаро боз баҳси "асолат" кунем?
Агар ишқ худ иллати аслӣ аст
Чаро баҳси "маълул" -у"иллат" кунем?
Биё ҷиби эҳсосу андешаро
Пур аз нақли меҳру муҳаббат кунем
Пур аз “Гулшани роз”, аз “Ақли сурх”
Пур аз “Кимёи саодат” кунем
Биёед то айни Айнулқуззот
Миёни дилу дин қазоват кунем
Агар суннат ӯст навоварӣ
Нигоҳе ҳам аз нав ба суннат кунем
Магӯ кӯҳна шуд расми аҳди аласт
Биёед таҷдид байъат кунем
Бародар чи шуд расми ихвония?
Биё ёди аҳди ухувват кунем
Бигӯ қофия суст ё нодуруст
Ҳамин бас, ки мо сода сӯҳбат кунем
Худоё дили офтобӣ бидеҳ
Ки аз боғи гулҳо ҳимоят кунем
Риоят кун он ошиқеро, ки гуфт:
"Биё ошиқиро риоят кунем"

Сарчашма

https://fa.wikipedia.org/wiki/قیصر_امین‌پور