Мухтор Авезов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 25:
|Соядаст =
}}
'''Мухтор''' Авезов Умархонович {{28. |9.| 1897, ноҳияи Абайи вилояти [[Семипалатински Қазоқистон]] – 27.|6.|1961, Москва}} — нависанда ва адабиётшиноси қазоқ, академия АИ Қазоқистон, Ходими хизматнишондодаи илми Қазоқистон (1957).
 
== Зиндагинома ==
Сатри 31:
 
== Эҷодиёт ==
Нахустин асари Авезов драмаи «Енлик-Кебек» (1917) мебошад. Аз солҳои 20 асри 20 Авезов ба эҷоди ҳикояҳову повестҳо ва драмаҳо шурӯъ карда, дар мавзӯъҳои рӯзи солҳои 20 – 40 асарҳои бисёре ба табъ расонд. Соли 1945 дар заминаи эпоси қадимаи қаҳрамонӣ драмаи «Қубландӣ»-ро эҷод намуд. Авезов дар романи «Роҳи Абай» ҳаёт ва эҷодиёти шоири маорифпарвари қазоқ Абай Қунанбоевро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, номи ӯро абадӣ гардонд. Дар асар мавзӯи шоир ва халқ, ки эҷодкори ҳақиқии маданияти миллист, вуқӯъгӯёна тасвир ёфтааст.
 
Китоби якуми асар – романи «Абай» (ҷилди 1 – 2, 1942 – 47; тарҷумаи тоҷикӣ 1955) соли 1949 ба Мукофоти давлатии СССР ва китоби дуюмаш – «Роҳи Абай» (ҷилди 1 – 2, 1952 – 56) соли 1959 ба Мукофоти ленинӣ (баландтарин мукофот дар СССР) сазовор гардид.
 
Асари Авезов чун «қомуси нимасраи ҳаёти халқи қазоқ» ба забонҳои халқҳои СССР ва ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст. Авезов адабиётшиноси барҷаста, асосгузори абайшиносӣ, муаллифи асарҳои тадқиқӣ оид ба таърихи адабиёт ва фолклори халқҳои қазоқу қирғиз, равобити адабиётҳо буда, дар тадқиқ ва тарғиби адабиёти қазоқ ва адабиёти халқҳои СССР хидмати арзандае кардааст. Авезов сармуҳаррири китоби якуми асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти қазоқ» буд.
 
Дар бораи эпоси халқи қирғиз – «Манас» монография таълиф намудааст. Ба қалами Авезов бобе аз китоби «Очеркҳои таърихи адабиёти қазоқ», ки дар он аз адабиёти халқҳои СССР сухан меравад, тааллуқ дорад. Авезов ба адабиёти тоҷик таваҷҷӯҳи хос дошт.
 
Дар мақолаҳои тадқиқотиаш дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ ва дигар адибони тоҷик фикрҳои муфид баён намуда, аз таъсири адабиёти тоҷик ва намояндагони он ба эҷодиёти шоиру нависандагони қазоқ сухан рондааст.
 
Авезов эҷодиёти Алишери Навоиро дар алоқамандӣ бо асарҳои Низомию Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизу Ҷомӣ таҳлил намуда, аз таъсири онҳо ба эҷодиёти Навоӣ сухан кардааст.
 
Дар мақолаи «Рушди адабиёти халқҳои СССР» мақоми С. Айнӣ ва «Ёдоштҳо»-и ӯро арзёбӣ намуда, «таъсири пурсамари эҷодиёти С. Айниро ба адабиёти халқҳои Осиёи Миёна» таъкид кардааст.
 
Авезов мутарҷим низ буд. Тарҷумаи «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол, «Любов Яровая»-и К. А. Тренёв, «Оттело»-и У. Шекспир ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
 
== Мукофотҳо ==