Ҳудуду-л-олам: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: таҳрир
Сатри 16:
Соли 1930 академик В.В.Бартолд бо шеваи факсималӣ нашри комили «Ҳудуд-ул-олам»-ро анҷом дод. Ва ҳамзамон аввалин порчаҳоро аз ин асар бо забони русӣ низ тарҷума ва чоп кард. Солҳои 1935 дар [[Теҳрон]], 1937 ба забони англисӣ дар [[Лондон]] бори дуввум интишор гардид.
Олими шинохтаи эронӣ Манучеҳри Ситуда соли 1962 матни интиқодии онро дар Теҳрон ба чоп расонд.
То ба ин нусхае, ки ҳоло мутолиа хоҳед кард, «Ҳудуд-ул-олам» дар Тоҷикистон ду маротиба чоп шуда буд. Нашри аввали он бо талоши [[Н. Қосимов]] ва сарсухани академик А.[[Аҳрор Мухторов]] соли 1983 интишор ёфт ва баъди 25 сол дар таҳияи [[Зариф Шариф]] он дубора баргардон ва чоп шуд.
Вале дар ду нашр ҳам иштибоҳоти зиёди имлоиву услубӣ роҳ ёфта буданд ва асаре назири «Ҳудуд-ул-олам» ба чопи бенуқсу интиқодӣ ниёз дошт.
Нашри тозаи он аз ҷониби [[Абдуҷамол Ҳасанов]] бо таҳрири муҳақиқи шинохта [[Қодири Рустам]], зери назари академик [[Носирҷон Салимов|Носирҷон Салимзода]] анҷом гирифт ва бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастраси хонандагон гардид.
 
Китоби «Ҳудуд-ул-олам» соли 2014 дар интишороти “Бухоро” дар ҳаҷми 415 саҳифа ба теъдоди маҳдуди 300 нусха ба табъ расидааст.
«Ҳудуду-л-олам», бидуни шак дар радифи бузургтарин сарватҳои маънавии тоҷикон қарор дошта, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дорад. Аз он дар тўли солиёни зиёд ҷуғрофияшиносон, муаррихон, бостоншиносон, ҳавосанҷон, маъданшиносон, забоншиносон ва дигарон истифода намудаанд.<ref>[http://www.kmt.tj/content/%C2%AB%D2%B3%D1%83%D0%B4%D1%83%D0%B4%D1%83-%D0%BB-%D0%BE%D0%BB%D0%B0%D0%BC%C2%BB-%D0%BC%D0%B0%D1%8A%D1%80%D1%83%D1%84%D1%82%D0%B0%D1%80%D0%B8%D0%BD-%D0%B0%D1%81%D0%B0%D1%80%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D2%93%D1%80%D0%BE%D1%84%D0%B8%D0%B8-%D0%BE%D0%BB%D0%B0%D0%BC «Ҳудуду-л-олам» маъруфтарин асари ҷуғрофии олам] </ref>
 
= Донистаниҳо =
* Даснависи нусхаҳои «Ҳудуд-ул-олам» дар хазинаи дасхатҳои [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон]], китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба номи Абурайҳони Берунӣ маҳфузанд.