Автобус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Автобус''' (мухтасар аз автомобил ва омнибус) — автомобилест барои кашондани зиёда аз 8 наф...
 
No edit summary
Сатри 2:
 
== Таърих ва пайдоиши Автобус ==
Бори нахуст Автобусро соли 1801 [[Ричард Тревитик]] дар [[Англия]] сохта, ба намоиш гузошт, ки он бо муҳаррики буғӣ ба кор андохта мешуд ва 8 мусофирро кашонда метавонист. Автобуси электрикӣ соли 1886 дар [[Лондон]] сохта шуд, ки суръати ҳаракаташ 11,2 км/соатро ташкил медод. Автобуси муҳаррикаш дарунсӯзи бо бензин коркунанда бори нахуст дар [[Германия]] дар заводи «Бентс» сохта шудааст (1894 – 1895). и мазкур 8 нафар мусофир кашонда метавонист. Нахустин Автобуси муҳаррикаш автобуси дарунсӯзи шаҳрӣ соли 1903 дар Лондон бо сайрхати муайян ба ҳаракат даромад. Дарозтарин сайрхати Автобус шаҳри Горно-Алтайски Россияро бо шаҳри Фрайбурги Германия мепайвандад, ки дарозии он 6500 км мебошад. Барои тай кардани ин роҳ Автобус 5 шабонарӯз ҳаракат мекунад. Калонтарин Автобуси бисёрузва (истеҳсоли «ДАФ Супер Сити Трейн») 32,2м дарозӣ дошта, дар салони якуми он 110 ҷойи нишаст ва 140 ҷойи ист, дар салони дуюмаш 60 ҷойи нишаст ва 40 ҷойи ист мавҷуд аст. Лоиҳаи онро собиқ [[Президент]]и [[Заир Мобуту Сере Секо]] кашида буд. Вазни автобуси мазкур 28 тона аст. Автобуси калонтарини олам соли 1981 сохта шудааст, ки он дуошёна ва чортира мебошад; андозааш 17×4,5×4,5м, 342 мусофир мекашонад. Он бо телетрап муҷаҳҳаз буда, барои кашондани мусофирон аз бинои фурудгоҳ то самолети «Боинг-747» пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ҷой ва мақсади истифода Автобусҳо шаҳрӣ, боркашон (боркашону мусофиркашон), байнишаҳрӣ, хизматӣ, сайёҳӣ, шахтавӣ, мактабӣ (барои кашондани бачагон) ва ғайра мешаванд.
 
== Намудҳои Автобус ==