Абулҳавл: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Абулҳавл, 1)''' [[ҳайкали]] [[Бузург|бузурги]] [[махлуқи]] [[хаёлӣ]] (рӯҳи муҳофиз, таҷассумкунандаи ҳокимияти шоҳӣ), ки танааш ба [[шер]] ва [[Сар|сараш]] ба [[Одам|сари одам]] ё [[Ҳайвон|ҳайвони]] [[муқаддас]] монанд тасвир ёфтааст. Яке аз бузургтарин Абулҳавлҳо дар Ҷиза наздикии аҳроми Хефрен (асри 28 то м.) воқеъ аст, ки бараш 17 м ва баландиаш 38 м мебошад; 2) дар асотири Юнони Қадим ҳайкали зани хаёлӣ, ки ҷисмаш шермонанду болдор аст. Абулҳавл гӯё дар даромадгоҳи Фива ҷойгузин шуда, роҳгузаронеро, ки ба чистони ӯ ҷавоб гуфта наметавонистанд, қатл мекардааст (чистон ин зайл буд: «Он чист, ки субҳ чорпоя роҳ меравад, рӯзона бо ду по ва бегоҳӣ бо се пой»). Танҳо Эдип, ки аз он ҷо мегузашт, ҷавоби чистонро дарёфт. Зан худро мағлуб дониста, аз қулла ба зер афканд ва аз тарафи [[Эдип]] ба қатл расонида шуд.