Адабиёти форс-тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Оё Зардушт паёмбар буд? Бисмиллоҳ ассалоту вассалом ъало Расулиллоҳ. Дар мавриди паёмбарии За...
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Адабиёти форс-тоҷик'''— истилоҳи нисбатан нав дар адабиётшиносист, ки бори нахуст аз тарафи Садриддин Айнӣ барои ифодаи мафҳуми адабиёти классикии асрҳои 10 – 15 истифода шудааст. Агар чанде асоси ин адабиёт дар ватани аслии тоҷикон Мовароуннаҳр гузошта шуда, аввалин осораш ба забони мардуми маҳаллии ин сарзамин – дарӣ ё порсии дарӣ ба вуҷуд омадааст ва шоирони даризабон ин ҷо дар рушди баъдинаи он саҳми намоён гузоштаанд, танҳо ба мардуми эрони имрӯза мансуб дониста мешуд. Шарқшиносон бархилофи ҳақиқати таърихӣ ҳуқуқи тоҷиконро ба мероси мадании гузашта инкор мекарданд. Ба ақидаи барғалати онҳо гӯё адабиёти тоҷик танҳо пас аз асри 16 ибтидо гирифтааст.
Оё Зардушт паёмбар буд?
Истилоҳи Адабиёти форс-тоҷик ангезаи сиёсӣ дошт. Он вақт таъйиноти ҳудудҳои миллӣ дар [[Осиёи Миёна]] шурӯъ гардида буд. Дар арафа ва ҷараёни ин маъракаи сарнавиштсоз дар минтақа гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳое пайдо шуданд, ки мавҷудияти қавми тоҷик ва ҳуқуқи онро ба адабиёти беш аз ҳазорсолааш инкор мекарданд. Садриддин Айнӣ бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) исбот намуд, ки дар ин сарзамин аз қадим «як қавми муаззам бо номи тоҷик, ё ин ки тозик» зиндагӣ дошта, адабиёти классикии асрҳои 10 – 15, ки бо унвони адабиёти форсӣ шӯҳрат ёфтааст, аслан офаридаи тоҷикон аст. Бунёди онро Абуабдуллоҳи Рӯдакии Панҷрӯдӣ гузоштааст ва баъди ӯ низ садҳо адибони барҷаста, мисли Рашидии Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Амъақи Бухороӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Сайфи Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон. аз ҳамин сарзамин бархоста, барои пешрафти ин адабиёт ҳиссаи арзандае гузоштаанд. Вале аз сабаби он ки дар равнақи адабиёти асрҳои 10 – 15 тоҷикон, форсҳо (эрониён) ва мардуми форсизабони [[Афғонистон]]у [[Ҳиндустон]] саҳм гузоштаанд, Садриддин Айнӣ ва мураттибону муҳаррирони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940), ба таври ҳаққонӣ барои адабиёти ин давра истилоҳи Адабиёти форс-тоҷикро пешниҳод кардаанд. Адабиёти форс-тоҷик на танҳо таъкиди муштарак будани адабиёти классикии асрҳои 10 – 15 барои мардуми тоҷик ва Эрони имрӯза аст, инчунин эътирофи саҳми дигар халқҳои форсизабон (Афғонистон, Ҳиндустон) дар рушди он низ мебошад. Вақте ки баъд аз асри 16 дар натиҷаи ҷудо шудани сарҳадҳои давлатӣ ва шиддат ёфтани низоъҳои мазҳабӣ алоқаҳои маданӣ ва иқтисодии байни Мовароуннаҳру Хуросон ва Форс (Порс) торафт суст гардида, ягонагии сиёсии онҳо аз байн мерафт, ҳаёти маданӣ ва адабӣ дар ин сарзаминҳо тадриҷан истиқлол пайдо карда, ҳамчун шохаи мустақил – ба унвонҳои «адабиёти форсӣ», «адабиёти дарӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» ҷараён гирифт. Адабиёти муосири форсӣ, адабиёти дарӣ ва адабиёти даврони шӯравии тоҷик давоми ҳамин шохаи адабиёт мебошанд. Истилоҳи Адабиёти форс-тоҷик дар адабиётшиносии даврони шӯравӣ зуд мавқеъ пайдо карда буд, вале дар Ғарб маротибаи аввал консепсияи Адабиёти форс-тоҷик дар асари шарқшиноси чех Ян Рипка «Таърихи адабиёти форс-тоҷик» (1963) амалӣ шуд. Азбаски Адабиёти форс-тоҷик ба истиснои давраи қадим ва марҳалаи оғози ташаккули он дар асрҳои миёна, дигар дар ҳамаи давраҳои баъдӣ ба забони форсии нав – форсии дарӣ навишта шудааст, онро маъмулан бо номҳои «адабиёти форсӣ» ё «адабиёти форсии дарӣ» ё «адабиёти форсии тоҷикӣ» ё «адабиёти тоҷик» зикр менамоянд. Бинобар ин Адабиёти форс-тоҷикро имрӯз бештар «адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» меноманд.
Бисмиллоҳ ассалоту вассалом ъало Расулиллоҳ.
Дар мавриди паёмбарии Зардушт қабл аз ҳама бояд донист, ки дар куҷо ва кай таваллуд шуда аст ва решаи асосии даъвати у яктопарастӣ буда аст ё на? Чуноне, ки маълум аст дар мавриди шахсияти Зардушт ва маҳаллу замони таваллуди вай қариб, ки маълумоти кофӣ дар дастрас нест. аз сабабе, ки Зардушт хеле таърихи қадим дорад ин маълумотҳо дастрасӣ надоранд.
Хулоса худи парчамдорони диёнати зардуштӣ иқрор ба ин доранд, ки аз сабаби хеле гуногун ва зидду нақиз будани ривоятҳо дар мавриди Зардушт муайян кардани замону макони таваллуди у хеле душвор аст. Иброҳим Пурдовуд, ки уро зардуштиён саромади авестошиносони ахир медонанд дар дебочаи Готҳо дар бораи замони Зардушт чунин навишта аст: Дар ин хусус ривоятҳо ба андозае гуногун ва мухталифанд, ки абадан сулҳу созиш миёни онҳо наметавондода. (Тарҷумаи Готҳо 28).
Бозменависад: Таҳқиқан намедонем маҳали вилодат ва замони зиндагии Зардушт куҷо ва кай буда? (Готҳо саҳифаи 21 аз дебоча).
Хулоса ҳамчун як фарди мусалмон бо дар назаргирифтани осори исломӣ метавон чунин қазоват кард. Аксари таърихнигорони исломӣ аз ҷумла Табарӣ (ТаърихиТабарӣ, чопи Қоҳира, ҷилди аввал, саҳифаи 282 , 402 ва 403), Балъамӣ (Таърихи Балъамӣ, чопи Киёнпур нусхаи Деҳхудо, саҳифаи 206), ибниАсир (Ал-комил фит таърих, чопи Миср, ҷилди якум, саҳифаи 145-146) ҳамаи инҳо Зардуштро паёмбар надонистаанд, балки уро шогирди Армиёи набӣ ё Узайри набӣ донистаанд.
Бархеи дигар аз таърих шиносони исломӣ монанди Масъудӣ (Муруҷуз-заҳаб, чопи Миср, ҷилди якум, саҳифаи 229), Динурӣ (Ал-ахборут-тул, саҳифаи 28), Ҳамза исфаҳонӣ (Тасаннимулукул-арзи вал-анбиё, саҳифаи 27), Абурайҳони Берунӣ (тарҷуми Ал-осорул-боқияҳ, саҳифаи 25) бар ин эътиқоданд, ки Зардушт паёмбари маҷус буда аст.
Мувофиқи назари таърихшиносони муосир сабаби ин ҳама ихтилофҳо дар мавриди Зардушт он аст, ки вай таърихи дурусте надорад ва изи пои ин шахсияти эронӣ дар таърих гумшуда аст. Дар ҳеҷ яке аз ривоятҳои исломӣ ва на дар Қуръони карим ва аҳодиси саҳеҳи Паёмбари ислом (алайҳиссалом) ва дар китобҳои муқаддаси диёнатҳои яҳудиву масеҳӣ дар мавриди Зардушт чизе наомада аст.
Инчунин дар мавриди китоби у Авесто чизе дар ин манбаҳо наомада аст. Дар Қуръони карим фақат дар як мавзеъ лафзи (маҷус) истифода шуда аст, ки ин калима дар араби ба зардуштиёни Ирон итлоқ мешуд.
Худованд маҷусро дар қатори пайравони дигар динҳо қарордода аст. Худованд фармуда аст: Онон, ки имон оварданд ва онон, ки яҳудӣ шуданд ва собион ва насоро ва маҷус ва онон, ки ширк варзиданд, Худованд рузи қиёмат миёни онон ҳукм хоҳад кард. (Сураи Ҳаҷ ояти 17).
Ба ҳарҳол агар фарз кардем, ки Зардушт паёмбар бошад, ин барои мо мусалмонон чизеро тағйир намедиҳад. Зеро бо омадани ислом ҳама динҳо шариаташон бекор гардида аст ва ғайр аз Ислом ҳеҷ дини дигаре назди Худованд пазируфта нест. Худо фармуда аст: Ва касе, ки ғайр аз оин ва шариъати Ислом шариъати дигаре баргузинаду амал кунад аз у пазируфта намешавад ва у дар охират аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳад буд.(Сураи Оли Имрон ояти 85)
Дурустаст, ки Худованд барои раҳнамои ҳар қавме паёмбаре аз худи онҳо ихтиёр карда фиристода аст. Инчунин миллати Ирон қабл аз ислом паёмбарони худро дошт. Аллоҳ дар Қурьон хабар дода гуфта аст:...Ҳеҷ қавме аз қавмҳои гузашта набуда аст, ки бимдиҳандае (паёмбаре) аз миёнашон ба онҳо фиристода нашуда бошад.(Сураи Фотир ояти 24)
Пас мо мусалмонон вазифадор ҳастем, ки он паёмбароне, ки бо номҳояшон дар Қуръон зикр шуда аст ба паёмбарии ҳар яки онҳо имон дошта бошем. Инчунин ба паёмбароне, ки номҳои онҳоро мо намедонем иҷмолан имон дошта бошем. Аммо барои мо воҷиб нест, ки хос ба паёмбарии шахсе бо номи Зардушт имон дошта бошем. Зеро дар ҳеҷ кадоми аз манобиъи аслии ислом зикре аз номи Зардушт бурда нашудааст.
 
== Эзоҳ ==
Дини.Ислом (heart_break)
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ: Адабиёти форсу тоҷик]]