Белгия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 66:
 
=== Таърихи қадим ===
[[Акс:Brussel Parlementsgebouw.jpg|thumb|200px|Бинои парлумони федеролӣ дар Брюссел]]
Дар аҳди қадим дар ҳудуди мамлакат қабилаи белгҳо (номи Белгия аз ҳамин ҷост) муқим шуданд. Соли 57 то м. Белгияро Юлий Сезар ба даст даровард ва он ба ҳайати Империяи Рим чун музофоти Белгика ворид шуд. Асри 5 м. ин музофот гирифтори тохтутозҳои қабилаҳои олмонии франкҳо, фризҳо ва саксҳо гардида, дар натиҷаи омезиши онҳо бо қабилаҳои келтҳои шимолӣ халқияти фламандҳо ташаккул ёфт. Ин ҳудуд то а. 9 дар ҳайати Шоҳигарии франкҳо буд. Дар аҳди Карли Бузург (768–814) маркази империяи Каролингҳо буда, баъди инқирози он дар ҳудуди Белгия графигарии Фландрия, герсогигарии Брабант, дертар графигариҳои Лимбург, Люксембург, Намюр, Эно ва епископигарии Камбре, Лйеж, Турне ба вуҷуд омаданд. Мавқеи хуби ҷуғрофӣ – дар буриши роҳҳои дарёию баҳрӣ воқеъ будани Белгия боиси кашмакаши ҷонибҳои Англия, Фаронса, Испания ва Австрия гардид.
 
=== Таърихи асрҳои миёна ===
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Белгия"