Сайёрак: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Changed redirect target from Сайёрак to Астероидҳо
Барчасб: тағйири ҳадафи тағйири масир
х Removed redirect to Астероидҳо
Барчасб: тағйири масир ҳазф шуд
Сатри 1:
[[File:Asteroidsscale.jpg|thumb|340x340px]]
#REDIRECT [[Астероидҳо]]
'''Астероидҳо'''<span lang="UK"> ([[Забони юнонӣ|юн.]] aster — ситора ва eidos — навъ), </span>сайёрак<span lang="UK">, ҷирмҳои хурди осмоние бо қутри 1 то 1000 км (аксаран дар байни мадори ҳаракати [[Муштарӣ]] ва мадори [[Миррих]]), ки дар гирди [[Офтоб]] гардонанд. Астероидҳо аз сайёраҳо хурдтар бошанд ҳам, баъзеашон радиф доранд. Ҳамин аст, ки онҳоро «сайёраи хурд» низ меноманд. Истилоҳи «астероид»-ро дар илм бори аввал ситорашиноси англис У. Гершел ворид кардааст. Яке аз усулҳои таснифоти астероидҳоандозаи онҳо мебошад.
 
Ба гурӯҳи астероидҳо ҷирмҳое дохиланд, ки қутрашон бештар аз 50 м аст. Астероидҳо ҳангоми ба атмосфераи Замин дохил шудан насӯхта, ба сатҳи Замин меафтанд, ҳол он ки шиҳобҳо дар атмосфера пурра месӯзанд. Ин далели фарқкунандаи астероидҳо аз зузанабҳо мебошад. Ҳоло дар манзумаи Офтоб то 1,9 млн ҷирми осмонии ба андозаи беш аз 1 км маълум аст. Аз 482419 ҷирми кашфшуда мадори 231665-тои онҳо ба ҳисоб оварда ва ба онҳо рақами расмӣ дода шудааст, ки аз он ҷумла 15615 ҷирм номи расмӣ гирифт (2011). Аксари астероидҳои маълум дар ҳудуди «минтақаи астероидҳо» дар байни мадорҳои Миррих ва Муштарӣ ҷамъ омадаанд.</span>
 
<span lang="UK">Ҷирми умумии ҳамаи астероидҳо камтар аз ҳафтсадяк ҳиссаи ҷирми Офтоб (ё 4 % ҷирми Моҳ) аст. Бузургтарин астероиди Манзумаи Офтоб Серера аст, ки андозаҳои 975×909 км ва массаи 0,95•10<sup>21</sup> кг дорад (ин астероид аз 24 августи 2006 ба гурӯҳи резасайёраҳо дохил шуд). Ду астероиди бузургтарини дигар «'''2 Паллада»''' ва «4 Веста» мебошанд, ки қутрашон тақрибан 500 км аст. «4 Веста» ягона астероиди минтақаи астероидҳо аст, ки дар чашми номусаллаҳ менамояд. Аввалҳо ба астероидҳо номҳои қаҳрамонони асотири римӣ ё юнониро медоданд. Вале ҳоло кашшофи астероид ба он номи дилхоҳи худро мегузорад. Астероидҳое, ки мадорашон ба дурустӣ таъйин нашудаанд, то ҳанӯз беноманд ва танҳо рақами тартибӣ доранд (масалан:
1950 DA; солу моҳи кашф). </span>
 
<span lang="UK">Таснифи астероидҳо дар асоси тавсифоти мадор ва спектр (тайф)-и намоёни рӯшноии аз сатҳи он инъикосшудаи Оф­тоб сохта мешавад. Астероидҳодар асоси тавсифи мадорашон ба гурӯҳҳо ва оилаҳо низ ҷудо мешаванд. Соли 1975 Кларк Р. Чапмен, Дэвид Моррисон ва Бен Селлнер таснифоти спектрии астероидҳоро оғоз карданд, ки ба ранг, албедо ва тавсифи спектри
нури инъикосшуда асос ёфта буд. Дар ибтидо ин таснифот се навъи астероидҳоро (навъи С — карбонӣ, 75 %; силитсиявӣ — 17 %; филиззӣ — 8 %) дарбар мегирифт. Баъдҳо таснифот хеле фарох шуд ва ҳоло ба 11 навъ тақсим мешаванд. Саҳми олимони тоҷик дар кашф ва таҳқиқи астероидҳо арзанда буда, онҳо ба шарафи кашшоф, расадхона ва давлати мо номгузорӣ шудаанд: «'''''Бобоҷонов'''''» (7164), «'''''Бахарев'''''»
(4011), «'''''Герасименко'''''» (3945), «''Г'''исАО'''''» (2746), «'''Доброволев'''» (3013), ''«'''Ибодинов'''»'' (3436), «'''Ки­се­лёв'''» (4206), «'''''Тоҷикистон'''''» (2469) ва «'''''Чернов'''''» (4207). </span>
[[File:InnerSolarSystem-en.png|thumb|Барфарози торикӣ]]
 
'''Астероидҳо''' (Asterioids, minor planets) астероидҳо — сайёрати бисёр кучак ҳастанд, ки аз саҳра ва фулуз сохта шудаанд. астероидҳо маъмулан аҷисам номунтазами ҳастанд ва бар гирди [[хуршед]] ҳаракат мекунанд. Ҳазорон сайёрак дар манзумаи хуршедии мо вуҷуд доранд. Бисёрии аз онҳо миёни мадоре Баҳром (Миррих) ва мадори Ҳурмуз (Муштарӣ) қарор гирифтаанд ва гирди хуршед мегарданд. Дастаи дигар аз онҳо дар маконҳои дигари манзумаи хуршедӣ ёфт мешаванд. Ба назар мерасанд иллати инки ағлаби онҳо дар фосилаи [[Миррих]] ва [[Муштарӣ]] дида мешаванд ин аст, ки эҳтимолан дар мадори байни ин ду сайёра, сайёраи дигаре низ вуҷуд дошта аст, ки ба иллати ҷозибаи шадиди Муштарӣ муталлоши шуда аст ва астероидҳо падид омада бошанд.
 
Ба астероидҳое, ки бар асари неруи гарониш сайёраҳо дар мадори гир афтода бошанд «Сайёраки Асир» мегуянд. Дар ин сурат сайёра мизбур ба гирди сайёраи бузургтар мегардад.
 
Наздиктарин сайёрак ба [[Замин]], Тутанис ном дорад.
 
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]] / ''М. Холов.''
* Дагаев М. Москва, Чаругин В. М. ''Астрофизика''. Москва, 1988;
* Ми­ронов П. ''Астероиды''. Москва,2011.
[[:fa:سیارک|Сайёрак дар Википедиаи Форсӣ]]
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Астрономия]]
[[Гурӯҳ:Системаи офтобӣ]]