Утриш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
→‎Таърих: илова
Сатри 46:
 
== Таърих ==
Таърих. Ҳудуди Австрия аз давраи палеолит маскун шудааст. Асри биринҷӣ бо бозёфтҳои археологии қабилаҳои иллирӣ ва ибтидои. асри оҳан бо нумӯи тамаддуни Галштат муаррифӣ шудааст. Дар ҳудуди ҳозираи Каринтия қабилаи иллириҳо давлати келтҳоро бо номи Норик таъсис доданд. Аз охири асри 1 то м. то асри 5 м дар ҳайати давлати ғуломдории Рим буд. Дар ин аҳд роҳҳо сохта шуда, шаҳрҳои Виндобона (Вена), Ювавум (Залтсбург) ва ғайра таъсис ёфтанд. Дар давраи Муҳоҷирати бузурги халқҳо дар хоки Австрия қабилаҳои германӣ (асосан баварҳо) ва славянҳо (асосан словенҳо) сокин буданд, ки дертар аз онҳо халқи Австрия ташаккул ёфт. Ба қисми шарқии Австрия аварҳо ва маҷорҳо беист тохтутоз мекарданд. Дар охири асри 8 заминҳои Австрия ба ҳайати давлати Франкҳо ва баъди пароканда шудани он (843) ба шоҳигарии Франки Шарқӣ (Германия) дохил шуданд. Дар Ш. ин сарзамин, ки онро охири асри 8 императори Франкҳо Карли Кабир аз аварҳо кашида гирифт, Маркаи Авар, баъдтар Маркаи Шарқии Бавария (машҳур ба Маркграфии А.) ташкил ёфт. Дар асри 10, ҳангоми ҳукмронии маркграфҳои сулолаи Бабенбергҳо (976—1246) ин ҳудуд Австрия (Osterreich), яъне «вилояти шарқӣ» ном гирифт. Соли таъсиси давлати Австрияро 1156 (вақте герсогигарии мустақил дар ҳайати империяи Рим шуд) меҳисобанд. Герсогҳои Австрия ба мулки худ Штирия, Каринтия, Крайна, Тирол, Форарлбергро ҳамроҳ карданд. Аз соли 1282 ҳукмронии сулолаи Габсбургҳо сар шуд (он то соли 1918 давом дошт). Габсбургҳо нияти тамоми Европаро таҳти ҳокимияти амалии хеш ва ҳокимияти маънавии Папаи Рим дар империяи ягонаи феодалию католикии фавқулмиллӣ муттаҳид кардан доштанд. Вале ландтагҳои мулкҳои мустақил (намояндагони сулола байни худ тақсим карда буданд) ҳеҷ ба ҳам намеомаданд. Ин иттиҳод танҳо дар аҳди Максимилиани I (ҳокими Австрия аз соли 1493, 1508 — 19 — император) муяссар гардид ва дар натиҷаи никоҳҳои сулолавӣ ба Австрия сарзамини Бургундия (Нидерландҳо), Испания бо мустамликаҳояш, Богемия (Чехия) ва Венгрия ҳамроҳ гардиданд. Дар аҳди наберагони Максимилиани I — Карли V ва Фердинанди I сулолаи Габсбургҳо асосгузори ду шохаи ҳукмронӣ — испанӣ ва австриягӣ шуданд. Аз охири асри 15 дар Австрия аввалин муносибатҳои капиталистӣ сурат гирифтанд. Австрия, ки канданиҳои зиёди зеризаминӣ дошт, маркази саноати кӯҳкории Европа гардид. Ҳаракатҳои халқӣ ба муқобили калисои католикӣ, муборизаи зиддифеодалии деҳқонон (1594 — 971597) дар Австрияи Болоӣ ва Поёнӣ ва Тирол (Чехия ва Венгрияи Ғарбӣ; 1626) ба сиёсати империявии Габсбургҳо зарбаи нахустин зад, ки ин ба ҷудошавии давлатҳои протестантӣ сабаб шуд. Кӯшиши Габсбургҳо дар роҳи барқарор кардани католитсизм (протестантизми ҳукмрон дар Чехия ва Венгрияро пахш карда) дар асри 17 боиси ҷанги сисолаи (1618 — 481648) умумиевропоӣ гардид ва дар натиҷаи он сиёсати империявӣ — католикии Габсбургҳо шикаст хӯрда, гегемонияи онҳо дар Европа ба охир расид. Охири асри 17 ва ибтидои асри 18 ҳокимияти Габсбургҳо бо Империяи[[Имперотурии УсмонияУсмонӣ]] ва [[Фаронса|Франсия]] ҷангҳо карда, аз нав қудрат гирифт. Дар ҷанги муқобили Туркия[[Имперотурии Усмонӣ]] (1683 — 991699) ва ҷанг барои тақсими мероси Испания сулола ба қисми зиёди Венгрия, Хорватия, Трансилвания, қисми ҷанубии Нидерландия (Белгия), баъзе қисмҳои Италия, Банат, Словения, Босния, Полша ва Буковина соҳиб гашт. Дар ибтидои асри 18 империяи Габсбургҳо муқтадиртарин дар Европа буд. Ҷанг барои тахту тоҷи Австрия (1740 — 48 ва 1756 — 63 — Ҷанги ҳафтсола) ба суқути иқтисодию сиёсӣ оварда расонд. Барои беҳ кардани ҳолат дар аҳди духтари Карли VI Мария Терезия (1740 — 80) ва писари ӯ Иосифи II як қатор ислоҳот гузаронида шуданд (ҷорӣ кардани гумруки ягона, ташкили мануфактураҳо, таҳкими хоҷагиҳои деҳқонӣ, такмили маориф, ҷорӣ кардани таҳаммулпазирӣ, озод кардани деҳқонон аз маҷбуриятҳо ва андозҳои гарон, маҳдуд кардани ҳуқуқҳои калисои католикӣ, ҷорӣ кардани забони ягонаи немисӣ дар тамоми қаламрав ва ғайра). Ин ҳама норозигии мухолифинро ба вуҷуд овард (инқилоби Брабант, 1789 — 90). Таъсири ғояҳои Инқилоби Франсия, шикаст дар ҷангҳои зидди Италия ва Германия (1796 — 971797 ва 1800 — 011801) ба сиёсати дохиливу хориҷии империяи Австрия таъсири амиқ расонд. Худро «Императори Австрия» эълон кардани Франси II (1804) ва аз ҷониби ӯ таҳти фишори [[Наполеони I]] барҳам додани империяи Рими Муқаддас (1806) барои муттаҳидшавии заминҳои Габсбургҳо аҳамияти калон дошт. Баъди мағлубияти [[Фаронса|Франсия]] Австрия пурқувват гардид, ба он қисми зиёди мулкҳои аз дастрафтааш баргардонда шуд. Баъди ба сари қудрат омадани К. Меттерних (вазири корҳои хориҷӣ аз соли 1809, канслер — 1821 — 24) сиёсати берунии империя тағйир ёфт. Ӯ нуфузи Австрияро пойдор ва дар Иттиҳоди Германия барои кишвар нақши арзандаро таъмин кард. Император Франс Иосифи I (1848—1916) солҳои 1850 — 60 кӯшиш кард, ки давлатро мутамарказ намояд, пули ягона, системаи гумрукии ягона ва қувваҳои ҳарбии ягона ташкил кунад, аммо ҳамаи ин ва махсусан кӯшиши германикунонии ӯ норозигии миллатҳои дигари империяро ба вуҷуд овард. Ӯ маҷбур шуд сохти конститутсионӣҷорӣ кунад ва парламенти дупалатагӣ — рейхсрат таъсис диҳад. Аммо ба ин венгерҳо ва славянҳо зид баромаданд. Зарбаҳо дар соҳаи сиёсати берунӣ, бад шудани муносибат бо [[Россия]], ҷанг бо шоҳигарии Сардиния ва Франсия, [[Пруссия]] ва [[Италия]] мутлақияти давлати Габсбургҳоро барҳам зад ва империяи ягона ба мутлақияти дугона, давлати дуалистии конститутсионии Австрия-Венгрия (созишномаи соли 1867) — монархияи Австрия-Венгрия (А.-В.) табдил ёфт. Нуфузи Венгрия норозигии миллатҳои дигар, махсусан чехҳоро бедор кард. Онҳо талаб мекарданд, ки ба Чехия ҳам ҳуқуқҳое, ки Венгрия дорад, дода шавад. Бӯҳрони соли 1873 сиёсати иҷтимоии қавиро тақозо мекард. Ин муддат дар Австрия марксизм васеъ паҳн мешавад. Соли 1848 дар Австрия инқилоби буржуазии демократӣ сар зад. Бо вуҷуди шикаст хӯрдани он баъзе дастовардҳо боқӣ монданд. Ислоҳоти аграрӣ (барҳам додани баршина, оброк ва ғайра) барои тараққии капитализм замина фароҳам овард. Вале соли 1867 баъди ташкил шудани Иттифоқи Германияи Шимолӣ мутлақияти Габсбургҳо мавқеи давлати бузургро аз даст дод. Бар ивази либерализми мавқеъбохта пайдо шудани ҳаркатҳои нав — ҳаракати миллӣ, сотсиал-демократӣ, христианӣ-сотсиалӣ ва махсусан таъсиси Ҳизби сотсиал-демократии Австрия (1888 — 89) баҳри мубориза барои ҳуқуқҳо (махсусан ҳуқуқи интихобот) замина ба вуҷуд оварданд. Дар ибтидои асри 20 дар А.-В. ҳаракати коргарӣ авҷ гирифт. Азбаски сиёсати хориҷии А.Австро-В.Венгрия аз пурзӯршавии ғасби Балкан иборат буд, Австрия соли 1908 Босния ва Гертсоговинаро ба худ ҳамроҳ кард. Соли 1891 Ҳизби христианӣ-сотсиалӣ чун тарғибгари «католисизми иҷтимоӣ» таъсис ёфт. Ин ҳизби майдабуржуазӣ то соли 1907 корпуси асосии интихобкунандагон буда, дар интихобот ғалабаи пайравонашро таъмин мекард. Австрия 28 июли 1914 ба Сербия, 6 август ба Россия ҷанг эълон карда, ҳамчун иттифоқчии Германия ба Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дохил шуд. Бо баста шудани Иттифоқи сегона бо Германия ва Италия ҳанӯз соли 1882 А.Австро-В.Венгрия ба маҷрои сиёсати берунии Германия афтода буд. Ба ғасби Балкан ҳам А.Австро-В.-роВенгрияро Германия водор карда, зиддияти ӯро бо Россия ва Сербия шиддат гиронд. Акнун ба Иттифоқи сегона блоки русӣ-англисӣ-франсавии Антанта муқобил гузошта шуда, ин ҷанг оғоз гардид. Мағлубият дар фронтҳо, бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар дохили мамлакат, таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр боиси корпартоии умумӣ гардиданд (январи 1918). Октябр — ноябри 1918 дар А.-В. Инқилоби буржуазӣ-демократӣ ғалаба кард. Императори охирини А.Австро-В.Венгрия Карли I аз тахт даст кашид. 12 ноябр А.Австрия республика эълон шуд. Давлати Габсбургҳо ба якчанд давлати мустақил ҷудо шуд (Венгрия, Чехословакия; як қисми ҳудуди собиқ А.Австро-В.Венрия ба Полша, Руминия ва Югославия гузашт). Республикаи Австрия, ки як қисми империяи футуррафта буду ҳудуди сарҳадии дақиқ надошт ва аз ҷанг хеле заъиф шуда буд, роҳи душвори худмуайянкуниро паси сар мекард. Бисёре аз қувваҳои сиёсӣ ба пойдор мондани Австрия бовар надоштанд. Сотсиалдемократҳои сари қудратомада (сардори ҳукумат К. Реннер) барои халос шудан аз оқибатҳои ҷанг, гуруснагии зимистонҳои 1918 — 191919 ва 1919 — 201920, инфлятсия ва бекорӣ дар масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳ кардани вазъи заҳматкашон як қатор чораҳо андешид. Ҳизби христианӣ-сотсиалии соли 1942 ба сари давлатомада (сарвараш Й. Зайпел) низ прото­колҳои Женеваро оид ба қафо партофтани ҷуброни зарари ҷангҳо ва дода шудани қарз ба андозаи 650 млн крони тиллоӣ ба Австрия ба имзо расонда, вазъи мамлакатро беҳтар кард. Аммо зиддияти ду ҳизби муқтадири Австрия — Ҳизби сотсиал-демократӣ бо ташкилоти Шутстбунд ва христианӣ-сотсиалӣ бо ташкилоти Хаймвер, ки ҳар яке қувваҳои мусаллаҳи худро доштанд, дар Вена июли соли 1927 зидди ҳам бархостанд ва дар он зиддият баромади коргарҳо пахш карда шуд. Моҳи майи 1930 Хаймвер аз демократия рӯй гардонда, бо доираҳои фашистӣ забон як кард. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонии солҳои 1929 — 33 ҳолати иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоии Австрияро бадтар кард. Соли 1932 ба сари ҳоки­мият намояндаи Ҳизби христианӣ-сотсиалӣ Э. Долфус омада, парламентро пароканда, озодии матбуот ва гирдиҳамоиҳоро бекор, фаъолияти ҳизби коммунистиро манъ кард. Режими нав аз ҷониби Италияи фашистӣ дастгирӣ мешуд. Феврали 1934, вақте ки отрядҳои Хаймвер мехостанд аъзои Шутстбунди парокандашударо беяроқ кунанд, коргарони Вена, Линтс ва дигар шаҳрҳо ба онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд. Шӯришгарон бераҳмона торумор шуданд, фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократии Австрия манъ шуд. Дар мамлакат фашизми австриягӣғолиб гардид. Конститутсияи нави майи 1934 қабулшуда ба ҳукмронии авторитарӣ асос ёфта буд. Танҳо як ҳизб — «Фронти миллӣ» иҷозати фаъолият дошт. Июли 1936, баъди кушта шудани Долфус аз ҷониби миллатчиёни сотсиалист, ҳукумати канслери нав К. Шушниг бо Германия шартнома баст ва мувофиқи он Австрия расман соҳибистиқлол буд, вале амалан пайрави сиёсати Германияи гитлерӣ гардид. Феврали 1938 [[Гитлер]] аз Шушниг қатъӣ талаб кард, ки сарвари натсистони А. Зейс — Инкбарт ба ҳайати ҳукумат ворид карда шавад. Шушниг 13 март дар масъалаи аншлюс (ғасби Австрия аз ҷониби Германия) ё истиқлолияти Австрия раъйпурсии умумӣ эълон кард. Аммо Гитлер раъйпурсиро бекор ва Шушнигро аз вазифа дур кард. Шаби 12 марти 1938 қӯшунҳои Гитлер ба Австрия даромаданд ва он ба рейхи Германия ҳамроҳ карда шуд. Дар давоми 7 сол Австрия музофоти Германияи натсистӣ буд. Фашизми Германия дар рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз захираҳои бойи Австрия истифода бурд. Бештар аз 1,5 млн австриягиҳо ба қӯшунҳои фашистӣ сафарбар шуданд. Ҳазорҳо нафар мардуми Австрия қурбони террори фашистӣ гардиданд. Айни замон коммунистон ва гурӯҳҳои сиёсии дигар муборизаи пинҳонии зиддифашистӣ мебурданд, вале ҳаракати Муқобилат оммавӣ нагардид. Соли 1943 дар Москва, дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои (паймони) зиддигитлерӣ — СССР, ШМА ва Британияи Кабир оид ба А. Эъломия ба имзо расонданд. Дар он гуфта шудааст, ки се давлат мехоҳанд Австрияро барқароршуда, озод ва соҳибистиқлол бинанд. Марти 1945 қӯшунҳои советӣ аз сарҳади Австрия гузаштанд ва 13 апрели 1945 Венаро озод карданд. Австрия ба чор минтақа: советӣ, америкоӣ, англисӣ ва франсавӣҷудо карда шуд. Дар ҳудуди Австрия ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд. Апрели 1945 дар Вена Ҳукумати Муваққатии Австрия (бо сарварии Реннер) ташкил ёфт. Ҳокимияти Олӣ дар дасти Шӯрои иттифоқчиён буд (иборат аз 4 Комиссари олии чаҳор кишвари ишғолгар). Австрия дубора Республика эълон шуд. Соли 1948 ҳукумат барои иштирок дар Нақшаи Маршалл созишнома имзо кард, ки ин барои беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ зарур буд. Ҷиноят­корони ҳарбӣ маҳ кум ва собиқ аъзои ҳизби натсистӣ аз вазифа озод карда мешуданд. Ҳукумат баъди интихоботи парламенти соли 1949 аз Ҳизби халқии Австрия ва Ҳизби сотсиалистии Австрия ба хотири пешрафт «коалитсияи калон» таъсис дод. Ҳукумати Советӣ солҳои 1953 — 54 барои сабук кардани тартиботи ишғолӣ дар Австрия як қатор тадбирҳо андешид. 15 майи 1955 бо ташаббуси Иттифоқи Советӣ дар Вена намояндагони [[СССР]], [[ШМА]], [[Англия]], [[Франсия]] ва Австрия дар бораи барқарор кардани Австрияи мустақил ва демократӣ ба Шартномаи давлатӣ имзо карданд ва мувофиқи он истилои Австрия аз байн бардошта шуд. 26 октябри 1955 парламенти Австрия дар бораи бетарафии доимии Австрия қонуни конститутсионӣқабул кард. Вай мувофиқи ин қонун ӯҳдадор шуд, ки ба ҳеҷ гуна иттифоқи ҳарбӣ дохил намешавад ва дар ҳудуди худ ба барпо кардани базаҳои ҳарбии хориҷӣ роҳ намедиҳад. Шартномаи давлатӣ Австрияро ҳамчун давлати соҳибихтиёри мустақил ва демократӣ барқарор кард. Мамлакатҳое, ки ба Шартномаи давлатӣ имзо карданд, ӯҳдадор шуданд, ки истиқлолият ва якпорчагии ҳудуди Австрияро эътироф мекунанд. Сиёсати бетарафии доимии Австрияро бештари давлатҳои дунё муҳтарам мешуморанд. Австрия соли 1957 Созишномаи европоии ҳифзи ҳуқуқи инсонро имзо кард. Солҳои 60 асри 20 давраи рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагии ҳама қишрҳои аҳолӣ буд. Баъди интихоботи соли 1966 Ҳизби халқии Австрия (ҲХА) ба ташкили ҳукумати якҳизбӣ ноил шуд. Дар зарфи 13 соли ҳукмронии Ҳизби сотсиалистии Австрия (ҲСА) таҳти сарварии Б. Крайский, ки дар интихоботи соли 1970 ғолиб омада буд, дар соҳаи иқтисод, ҳуқуқ, қонунбарории иҷтимоӣ, маориф ва ғайра таҳаввулот эҳсос шуд. Австрия дар миёнаи солҳои 70 асри 20 ба бӯҳрони энергетикӣ гирифтор шуд. Барои баланд нарафтани сатҳи бекорӣ ва оромии иҷтимоӣҳукумат ба баровардани вомбарг рӯ овард ва қарзи давлатиро зиёд кард. Аз соли 1977 мушкилоти иқтисодӣ бештар шуд. Дар як қатор кашмакашҳои сиёсӣ, ки ба он сотсиалистон ҳамроҳ буданд, обрӯи ҲСА коста гардид ва он дар интихоботи соли 1983 ғалаба накард. Ҳукумати нави коалитсионӣ боз бо ҳамдастии ду ҳизб — ҲСА ва ҲХА то соли 2000-ум фаъолият кард. Дар ин давра рушди иқтисод, ҷалби инвеститсия, болоравии шуғли аҳолӣ назаррас буд. Вобаста ба тағйироти куллии дар тамоми Европа ба амаломада, солҳои 1980 — 90 сиёсати бетарафии Австрия бештар мавриди баҳс қарор гирифт. Баъзе сиёсатмадорон тарафдори ворид шудани Австрия ба НАТО мебошанд. Аммо Қонуни федералии конститутсионии Австрия оид ба бетарафии доимӣқонуни амалкунанда аст. Масъалаи муҳоҷирон, ки охири солҳои 90 асри 20-ум 9%-и аҳолиро ташкил медод, низ ба мадди аввал баромад — масалан, эътирозҳои зиддимуҳоҷиратии Ҳизби озоди Австрия (ҲОА), ки торафт нерӯ мегирад. Азбаски дар парламенти Австрия ду ҳизби муқтадир — ҲСА ва ҲХА солҳои зиёд бартарӣ доштанд, дар парламенти кишвар шароити нав ба вуҷуд омад: дар ин мақом се фраксияи гурӯҳи калон — ҲСА, ҲХА, ҲОА ва ду гурӯҳи нисбатан хурд (яке «сабзгароён») ташкил шуданд. Соли 2000 ҲХА аввалин бор бо ҲОА паймони ҳукуматӣ ташкил дод. Сиёсати берунии Австрия дар чорчӯбаи Ҳамраъйии Европа пеш бурда мешавад. Январи 2009 Австрия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид намояндаи муваққатӣ (дар солҳои 2009 — 10) буд.
Ҳизбҳои асосӣ ва иттифоқҳои касаба: Ҳизби сотсиалистии Австрия (ҲСА), ки шомили Интернатсионали сотсиалистӣ аст; Ҳизби халқии Австрия (ҲХА); Ҳизби озодии Австрия (ҲОА). Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи Австрия 14 иттифоқи соҳавиро дар бар мегирад. Мақоми марказии доираҳои расмии иқтисодӣ — Палатаи федералии иқтисод мебошад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Утриш"