Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Ҳамчунин нигаред: иловаҳо, гурӯҳбандӣ
No edit summary
Сатри 10:
«''Тарсам, ки Яздонро шукр ба воҷибе натавонам гузорд''». <nowiki>
</nowiki>

== Вожаи асп ==
Калимаи «асп» як ҷузъи номи ашхоси қадими асотирӣ ва ривоятӣ – [[Гуштосп]], Таҳмосп, Арҷосп, [[Гаршосп]], [[Луҳросп]], Озаргушасп, Ҷомосп ва дигарон мебошад. Дар «[[Шоҳнома]]»-и Фирдавсӣ аз галабонӣ (асппарварӣ) дар байни эрониён ва турониён, наслгирӣ аз аспҳои хушзоти паҳлавонону подшоҳон, масалан, аз Рахш (аспи Рустам), Шабранг (аспи Сиёвуш), Шабдиз (аспи Хусрави Парвиз) ва ғайра сухан меравад. Дар «Зардуштнома» омадааст, ки [[Зардушт]] пайғамбар будани худ­ро пас аз муолиҷаи аспи шоҳ Гуштосп собит кард. Аспи шоҳ Гуштосп аз пой монда буд. Зардушт онро муолиҷа кард ва Гуштосп ба ӯ эътиқод овард. <nowiki>
</nowiki>

== Асппарварӣ дар мардуми тоҷик ==
Асппарварӣ шуғли қадимии мардуми тоҷик аст. Ниёгони мо оид ба асп, нигоҳубин ва бемориҳои он чандин «Фараснома» таълиф намудаанд. Дар китоби «Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоъа» омадааст, ки{{аввали иқтибос}}{{охири иқтибос|сарчашма=}}«...Асп шинохтан илме шариф аст, чун касе аспро нашиносад, ӯро аз ҷумлаи нодонон шуморанд. Шинохти асп бояд ва шинохти дандони ӯ ва хуҷастагӣ ва иллату айби ӯ дар дандонҳо ва нишонҳо, ки онро бувад, то ба ҳама чизҳо доно ва имом бошад». Яке аз бобҳои китоби мазкур дар бораи муолиҷаи иллати аспон аст. Чунончи, муаллиф қайд мекунад, ки «...Асперо, ки таб гирад, нишон он аст, ки дамақ гирад ва бинӣ паҳн боз кунад ва сар фуруд дорад ва паҳлу бизанад ва дами бинӣ гарм бошад, илоҷаш он аст, ки як рӯз беалаф дорад, дигарон рӯз се ман об ва ду ман мавизи сиёҳ ва бодрӯ ва гашниз ва шоҳтара аз ҳар яке як даста андар дег биҷӯшонад, то он об ба як ман боз ояд, пас биполояд, дар даҳани сутур резад, некӯ шавад»{{охири иқтибос|сарчашма=«Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоъа»}}. <nowiki>
</nowiki>

== Зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим ==
Муайян кардани зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим бинобар вуҷуд надоштани навиштаҷоти марбута душвор аст. Дар бораи аспҳое, ки дар сарзамини кунунии Осиёи Мар­казӣ (аз ҷумла дар Тоҷикистон) парварда мешуданд, фақат дар асоси омӯзиши қайдҳои сайёҳон, муаррихон, ҷуғрофидонҳо, бостоншиносон, лашкаркашон ва ғайра маълумот гирифтан мумкин аст. Аз рӯйи
маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар Хуталон ([[Хатлон]]) а. 4 то м. Аспҳои хушзоти зебо парвариш меёфтанд. Шуҳрати аспҳои Хуталон дар солномаҳои а-ҳои 9–12-и арабу эрониҳо, ҳамчунин асарҳои Истахрӣ, Муродӣ, Низомӣ, Азрақӣ, Закариёи Қазвинӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон низ қайд шудаанд. Пайдоиши аспҳои хатлӣ қис­саву ривояти бисёр дорад. Масалан, дар солномаи хитойӣ («Таншу» ва «Сайшу») омада, ки аспи хуталонӣ аз аспи «осмонӣ», ки дар яке аз қулла (ё ғор)-ҳои куҳи Тахористон (ки ба Хатлон ҳамсарҳад ва баъзан яке
буд) зиндагӣ мекунад, ба вуҷуд омадааст. Модиёнҳои зоти таҳҷоӣ, ки дар атрофи куҳ мечаридаанд, гӯё бо аспи «осмо­нӣ» ҷуфт шуда, аз он насл ба бор овардаанд. <nowiki>
</nowiki>

Ба аспҳои [[Тахористон]] нисбат додани пайдоиши аспҳои Хуталон бесабаб нест. Аспҳои Тахористон хеле машҳур буданд. Дар Тахористон аспҳои резаҷусса, вале ни­ҳоят пурбардошти куҳипарвард, ки масофаи зиёдро паймуда метавонистанд, инчунин зоти аспҳое, ки фақат барои таҳдаштҳо мувофиқ буданд, парварда мешуданд. Баъзе ровиён аспҳои Та­хористонро сарнасли ҳамаи аспҳо медонанд. Мувофиқи ривоёти дигар [[Аспи хатлӣ|аспҳои хатлӣ]] аз аспҳои обӣ падид омадаанд. Ҷуғрофидони арабинависи эронитабор [[Ибни Хурдодбеҳ]] қайд мекунад, ки дар [[Хуталон]] ҳавзе бо номи Нозкӯл мавҷуд аст. Нозкӯл аспҳои обӣ дорад, ки бо аспҳои подшоҳ (ба кӯл обнӯшӣ меомаданд) даромехта, аспи хатлиро ба вуҷуд овардаанд. Аспҳои Хатлон дар ин асру замон низ мақбул ва марғуби хоссу ом аст». Мадҳу санои аспҳои Хатлонро дар эҷодиёти [[Низомии Ганҷавӣ]] низ дучор меоем:
::::Сикандар бар он хинги хатлӣ нишаст,
::::Ки чун бод бархост, чун барқ ҷаст.
Шоири дигаре гуфтааст:
::::На кас бар чунин хинги хатлӣ нишаст,
::::На мурғе чунин ояд осон ба даст.

== Асппарвари дар Тоҷикистон ==
Аз қадимулайём дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон вуҷуд доштани асппарвариро табиатшиноси маҷорӣ асп Борнс (1848), олимони рус Н. Бахметев (1870), асп Вилкинс (1875), асп Ф. Миддендорф (1882) В. Базилевский (1907), Д. Н. Логофет (1911), О. Ф. Витт (1952) ва дигарон низ қайд кардаанд. Базилевский аспҳои Осиёи Марказиро ба туркманӣ, қирғизӣ ва қаробоҳирӣ ҷудо мекунад. Ӯ аспҳои Истаравшанро аз ҷум­лаи аспҳои қаробоҳирии беҳтарин ном бурдааст. Асппарварӣ дар байни суғдиён низ равнақ дошт. Бино ба ақидаи акад. асп Ф. Миддендорф Искандари Мақдунӣ аспҳои сарзамини суғдиёнро истифода бурда, лашкари савораи бузург ташкил карда буд. Дар ҳудуди имрӯзаи ВМКБ асосан аспҳои бадахширо парвариш мекарданд. Онҳо барои кор дар шароити куҳсор хеле мувофиқ буданд. Сифати аспҳои бадахширо сайёҳ ва нависандаи итолиёӣ [[Марко Поло]] (а. 12) дар китобаш қайд кардааст. Д.Логофет аспҳои хонии Бухороро ба 5 навъ ҷудо мекунад:
* [[Аспи қаробоҳирӣ|аспҳои бухорӣ ё қаробоҳирӣ]] (дар водии д. Зарафшон, Ҳисор, Шаҳрисабз ва Чирчиқ);
Line 41 ⟶ 46:
Дар як шаборӯз ба аспи корӣ дар шароити Тоҷикистон 8 кг беда, 4 кг коҳ, 5 кг ҷав, 1 кг сабӯси гандум ва 2 кг хӯроки сершира бояд дод. Ба асп ҳамчунин хошок, сабзӣ, лаблабу, картошка, тарбузи хӯрокӣ, кадуи хӯрокӣ, тарбеда, силос, ҷав, сулӣ, ҷуворимакка, хӯрокиҳои омехта ва ғайра медиҳанд. Ҳангоми дар таркиби хӯрок нарасидани модда­ҳои минералӣ ба асп бӯр, орди устухон, мононатрийфосфат ё претсипитат додан лозим аст. Ба асп рӯзе 3 маротиба хӯрок дода мешавад. Пеш аз хӯрок об медиҳанд, ки он ҳазми ғизоро беҳ мегардонад. <nowiki>
</nowiki>

== Парвариши асп ==
Аспро дар аспхона (ахтахона, саисхона) ва чарогоҳҳо парвариш мекунанд. Барои аспҳои зотӣ дар аспхона хоначаҳои алоҳида месозанд. Дар хоначаҳо барои нарёнҳои наслдеҳи зотӣ 16–20 м2,модиёнҳои наслдеҳи зотӣ 18 м2 ва тойчаҳои тренингӣ то 16 м2 масоҳат ҷудо бояд кард. Нарёнҳои наслдеҳро тобистон ва зимистон 3–4 соат ба
сайру гашт баровардан лозим аст. Барои аспҳои саворӣ ва резачорпо рӯзе 7–15 км гардиш кардан муфид мебошад. Ҳангоми нигоҳубин ва муомилаи нодуруст асп одати бад (масалан, газидан, лагад задан ва ғайра) пайдо мекунад, гирифтори хала, нохуна, сумдард (бештар аз нодуруст наъл кардан), исҳол, зуком ва дигар бемориҳо мешавад. Аспро дар аспрез ва ҷойҳои махсус мавриди озмоиши зотӣ қарор медиҳанд. Асп дар варзиш низ истифода мегардад. Дурагаҳои аз ҷуфтии асп бо хар,аспи Пржевалский ва гӯрхар рӯёнда, маъмулан, бенасл мешаванд. Дар ҷаҳон тақрибан 280 зоти асп мавҷуд аст (2010). <nowiki>
</nowiki>[[Акс:Biandintz eta zaldiak - modified2.jpg|thumb|left|Аспҳо дар чарогоҳ]]

== Асппарварии тоҷикон аз қадимулайём ==
Ба асппарварӣ аз қадимулайём шуғл доштани тоҷиконро бозёфтҳои ҳафриётӣ ва мусаввараҳои гуногун низ собит менамоянд. Дар бисёр асбобу зарфҳои рӯзгор, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, тасвири аспҳо нисбатан бештар вомехӯрад. Аспҳо нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагии қадим калонҷуссатар мебошанд. Пояш пурқувват, банди сеюми ангушти мобайни он ба сум табдил ёфтааст. Наринаҳо 40 ва модинаҳо 36 дандон доштанд. Байни дандонҳои ашк ва курсии аспҳо қариб 10 см ҷой ҳаст, ки ба он лаҷом мезананд. Вобаста ба сохт ва тағироти дандонҳои пеш синну соли аспҳоро муайян кардан мумкин. Дили аспҳо 4-4,5 (дар баъзе аспҳои корӣ 6-6,5) ва шушашон 5-5,5 (ғунҷоишаш қариб 30 л) кг мешавад. Ҳарорати мӯътадили баданаш 38°С. Асп 35-50 л хун (ҳангоми 500 кг будани вазни бадан) дорад. Меъдааш содда (ғунҷоишаш қариб 20 л) аст; талхадон надорад. Аспҳои кори соле то 6-8 т пору медиҳанд. Пору ва пешоби асп, нитроген, калий ва кислотаи фосфати бисёр дорад. Мӯйи асп ҷилонок, кӯтоҳ ва тахт аст. Вобаста ба ранг аспҳоро «тӯруқ», «ҷиран», «ашҳабӣ», «сиёҳмушкин» ва ғайра меноманд. Асп [[баҳор]] ва [[тирамоҳ]] тулак намуда, ба сармо (то 60°С) ва гармо (то 50°С) хуб тоб меорад, ба иқлими нав зуд одат мекунад. Ғадудҳои арақбарори асп ниҳоят бисёр буда, ҳангоми кор то 85-100 г хлориди натрий ихроҷ мекунад. Ин миқдор намак бошад, дар хӯроки муқаррарии асп нест. Бинобар ин ба хӯроки аспҳое, ки корҳои вазнинро иҷро мекунад, рӯзе 25-40 г намак илова бояд намуд. Узвҳои шунавоӣ ва шоммаи аспи нағз инкишоф ёфтаанд. Чашмаш тез аст, то 360° мебинад, ранг, андоза ва шакли чизҳоро фарқ мекунад. Асп зуд дастомӯз мешавад. Асп дар 1-1,5 солагӣ болиғ гардида, дар 6-7 солагӣ пурра инкишоф меёбад. Давраи ҳамлаш 11 моҳ як бача мезояд. Тойчаҳоро махсус нигоҳубин кардан лозим. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҷо ба тарзи нигоҳубини модинаҳо вобаста аст. Модинаҳо рӯзе 20-25 кг шир медиҳад. Аз шири модинаҳо [[қимиз]] тайёр мекунанд. Тойча одатан баъди 30-40 дақиқаи таваллуд модарашро мемакад. Барон тойчаҳо хусусан фалла аҳамияти калон дошта, баъзе касалиҳоро пешгирӣ ва меъдаро тоза мекунад. Модиён ва тойчаро баъди як ҳафта аз аспхона cap додан лозим. Тойчаҳо одатан 6-7 моҳ шир мемаканд. Бинобар ин ҳангоми кор фармудани модиҳо тойчаро хамеша ҳамроҳи он бояд нигоҳ дошт. Асп то 30-35 (баъзан 67) сол умр мебинад ва онро дар хоҷагӣ аз 3 то 14-15 (баъзан то 18-20)-солагӣ истифода бурдан мумкин. Алҳол бинобар тараққиёти техника Аспро дар хоҷаги қадим кам кор мефармоянд. Вале таҷрибаи собит намуд, ки аксар корҳои колхозу саҳроҳоро бо асп иҷро намудан мувофиқи мақсад аст. Аспҳоро дар замине, ки гаштани трактор имконнопазир аст (мас, агар замин бисёр нишеб ё нам бошад), инчунин барои ба масофаи наздик кашондани алаф, хошок, пахта, дар ферма ва хоҷагиҳои шахсии колхозчиёну коргарони саръазоҳо истифода бурдан мумкин. Истифодаи самараноки асп мошинҳоро сузишвориро сарфа намуда, мӯҳлати иҷрои корҳои хоҷагии қишлоқро кам мекунад. Аспҳои то 4-сола ва аз 15-сола боло, инчунин модинаҳои ҳомила (баъди 6-моҳагӣ) ва ширдеҳро барои иҷрои корҳои сабук истифода бояд бурд. Модинаҳоро 2- моҳ қабл аз зодан ва 15-рӯз баъди он, инчунин аспҳои касалро кор фармудан манъ аст. Ҳангоми кашондани чӯб, оҳан ва дигар чизҳои сахт ба асп зини махсус мезананд. Ба асп хӯроки гуногун бояд дод. Тобистон алафи сабз ва ҳангоми дар тавила нигоҳ доштан [[хошок]], [[коҳ]], [[сабзӣ]], [[лаблабу]], [[картошка]], [[тарбузи хӯрокӣ]], [[каду]], [[тарбеда силос]], [[ҷав]], [[гандум]], [[сулӣ]], [[ҷуворимакка]], [[ҷавдор]], [[кунҷора]], тилфи лаблабуи қанд ва ғайра додан мувофиқи мақсад аст. Ба наринаҳои наслдеҳ дар давраи ҷуфтикунонӣ тухми [[мурғ]] (хом), [[ширтуппа]] (творог), ва орди моҳи медиҳанд.
== Ҳамчунин нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"