Аъроф (минтақа): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''АЪРОФ (минтақа)'''{{lang-ar|الأعراف}} – минтақаи ҳоил) — дар фарҳанги исломӣ[[ислом]]<nowiki/>ӣ девор, ҳоил ва ё ҷои миёнае дар байни биҳишту[[биҳишт]]<nowiki/>у [[дӯзах]], ки онҳоро аз ҳам ҷудо месозад.
 
== Вожаи Аъроф ==
Вожаи аъроф (ҷамъи урф) ба ин маъно ду бор дар [[Қуръон]]<ref>[[Аъроф]], 7: 46|48</ref>зикр шудааст ва онро баъзеҳо бар пояи маънои луғавиаш ба маънои макони баланде донистаанд, ки дар марзи байни биҳишт ва дӯзах ва мушриф бар онҳо қарор дорад ва баъзеҳо ваҷҳи номгузории онро ба Аъроф ба эътибори маърифат ва шиносоие, ки бошандагони он аз аҳли биҳишт ва дӯзах доранд, марбут донистаанд. Вале аксари муфассирон онро бо истинод ба ояти 13 сураи [[Сураи Ал Ҳадид|Ҳадид]] ба маънои деворе тафсир кардаанд, ки рӯзи қиёмат барои ҷудо сохтани мӯъминон аз мунофиқон дар байни биҳишт ва дӯзах кашида мешавад. '''«Пас дар миёни онҳо деворе зада шавад, ки даре дорад, ботинаш дар он раҳмат ва аз сӯи берунаш азоб аст»'''<ref>[[Ҳадид]], 57: 13</ref>. Яъне аз тарафи дохилаш биҳишт ва аз берунаш дӯзах аст.
<center>{{Қуръони Карим|57|13}}</center>
 
== Таъбири Қуръонӣ ==
Дар таъбири қуръонӣ ба одамоне асҳоб ва бошандагони Аъроф гуфта мешавад, ки рӯзи қиёмат муддате дар минтақаи ҳоил дар миёни биҳишту дӯзах бо номи Аъроф боқӣ мемонанд ва бино ба қавли машҳуре, ки аз [[Ҳузайфа]], [[Абдуллоҳ ибни Аббос|Ибни Аббос]], [[Абдуллоҳ ибни Масъуд|Ибни Масъуд]] ва дигарон ривоят шуда, онҳо мӯъминоне ҳастанд, ки некиҳо ва бадиҳояшон бо ҳам баробар буда, ҳасаноташон онҳоро аз вуруд ба оташ нигаҳ дошта, вале барои даромадан ба биҳишт басанда набудаанд ва [[Ибни Ҳаҷар]] онро қавли роҷеҳ донистааст<ref>[[Фатҳулборӣ]], ҷилди 15: саҳифаи 103</ref>. Бинобар ин, то поёни ҳукми халоиқ дар марзи ҳоил ва ё макони миёнае дар байни биҳишту дӯзах ҷой дода мешаванд ва пас аз он бар асоси фармудаи ҳадисе мавриди лутфи Худованд қарор мегиранд ва ба биҳишт медароянд.
 
== Аъроф дар Қуръон ==