Низомии Ганҷавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир using AWB
Сатри 50:
* '''Искандарнома''' ({{lang-fa| اسکندرنامه }}) — дар фосилаи солҳои 1194 ва 1202 эҷод шудааст.
Ин маҷмуаи достонҳо дар инкишофи минбаъдаи адабиёти Шарқ мақоми арзандае доранд ва боиси пайдоиши анъанаи хамсасароӣ гаштаанд. [[Хамса]]-и Низомии Ганчавӣ бо рангинии мазмун, тозагии санъат, ғановати забон, пардози сухан ва маҳорати нигорандагии муаллиф машҳур гардида, дар он масоили муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гузошта шудааст. Муаллиф мардумро ба кӯшишу кор, илму донишомӯзӣ, ғанимат донистани умр, покии ахлоқ, шарму ҳаё, ҳакиқатгӯию накӯкорӣ ва ғамхорӣ нисбати одамон тарғиб намуда, подшоҳонро ба адолатпарварӣ ва саховату раиятпарварӣ ҳидоят мекунад.
Забони '''Хамса''' ниҳоят бой, рангин, васеъ ва фаҳмост. Низомӣ Ганҷавӣ чун саррофи сухан дар истеъмоли калимаҳои хушоҳанг, ибораю таъбирҳои рехтаи халқӣ ва мақолу зарбулмасалҳо ниҳоят борикбин аст. Ин заркориҳои ӯ мусиқият ва хушоҳангии достонҳоро ба вуҷуд оварда, хонданашро гуворо мегардонад. Низомии Ганчавӣ аз шоирони дорои мактаби адабии хос мебошад. Шоири инсондӯст ва халқпарвари бузург бо Осори гаронбаҳояш дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст.
Замони зиндагонии Низомӣ Ганҷавӣ, сарфи назар аз нооромиҳои феодалӣ, давраи шукуфони таърихи тамаддуни халқҳои [[Қафқоз]], [[Эрон]] ва [[Осиёи Миёна]] буд. Дар асри XII дар Озарбойҷон шоирони муқтадире чун Абӯлаъло Ганҷавӣ, Изиддини Шервонӣ, [[Маҳастии Хуҷандӣ]], Ҳоқонии Шервонӣ зиста, дар Гурҷистон Шота Руставеллӣ, дар Арманистон Нерсес Шноралӣ зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Низомӣ хусусан бо шоирони Ганҷаву Шервон, хоса бо [[Маҳастии Хуҷандӣ]] қаробати маънавӣ дошт.
Аввалин достони '''«Хамса»''', «Махзануласрор» аз 2260 байт иборат буда, соли 1176 эҷод гаштааст. «Махзануласрор» асари фалсафиву ахлоқӣ мебошад.