Иттиҳоди Шӯравӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
→‎Таърих: Ислоҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 38:
== Таърих ==
Давлати Шуравӣ: Инқилоби солҳои 1905 – 1917, ҷанги шахрвандӣ,
ташкилёбии давлати Шуравӣ, ки аз октябри соли 1917 то охири 1991-ум сол вучудвуҷуд дошт.
Бӯҳрони ҷамъиятие, ки дар Русия сар зада буд ба ҷудошавии ҳукумату ҷомеа ва баъдтар ба шӯришҳои солҳои 1902 - 1905 оварда расонд. Гарчанде, ки ин шӯришҳо бебарор буду ба ивази ҳукуматдорон оварда нарасонд, лекин ин шӯришҳо инқилоби ба соли 1917 рух дода шуда асос гузошт.
 
Иштироки Русия дар Ҷанги якуми Ҷаҳон (1914 – 1918), ба болоравии нархҳо дар бозор, камшавии молу маҳсулот ва инчунин ба гуруснагии аҳолӣ оварда расонд, дар натиҷа зимистони [[соли 1917]] бӯҳрони сиёсӣ боз ҳам тезу тунд гашт. Феврали соли 1917, шӯриши яроқноке ки дар Санкт – Петербург шуда буд, ба дасткашии Николайи II аз тахт оварда расонд, ки ба ҷои ӯ акнун мамлакатро Ҳукумати муваққатӣ идора мекард. Аммо дар натиҷаи шӯриши моҳи октябри соли 1917 ба сари ҳукумати Русия болшевикон (РСДРП(б) омаданд (Минбаъд РКП(б), ВКП(б), КПСС - Партияи Коммунистии Русия (Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ) бо сардории В. И. Ленин). Баъд аз 3 соли ҷанг бо душманони дохиливу хориҷӣ болшевикон тавонистанд ҳакимятро дар собиқ Империяи Русия ба даст оранд.
 
Дар натиҷаи Инқилоби Октябрии соли 1917 дар мамлакат ҷанги Шаҳрвандӣ (солҳои 1917 – 1923) ба амал омад, ки мубориза баҳри ҳукмронии давлат байни болшевикҳо (артиши “сурхҳо”) ва душманони онҳо (артиши “сафедҳо”) мерафт. Барои ба мақсади худ расидан ҳам “сурхҳо” ва ҳам “сафедҳо” террорро истифода бурданд, ки дар натиҷа бештар аҳолии бегуноҳ ранҷ кашиданд. Ғайр аз ин давлатҳои хориҷӣ низ дар ин ҷанг иштирок карданд, онҳо мехостанд, ки давлати Русро суст кунанд ва онро ба қисмҳо ҷудо кунанд. Лекин болшевикон тавонистанд, ки ғалаба кунанд ва сиёсати ягонаро дар Русия ҷорӣ кунанд. Давлати наве, ки ба он масоҳати бештари империяи пештараи Русия дохил мешуд номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сосиалистӣ (ИҶШС) гирифт. Умуман дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва инқилоб дар Русия: 25 млн аҳолӣ ба ҳалокат расид, истеҳсоли саноат 5 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ низ 40% кам шуд.
 
Дар ин ҳолатҳои ногувор аз нав барқароркунии иқтисодиёти Русия оғоз гардид. Дар ин вақт бештар ба саноаткунонии мамлакат: саноати мошинасозӣ, металургӣ, ҳарбӣ, коркарди конҳо ва сохтмони стансияҳои электрикӣ маблағгузории Ҳукумати шӯравӣ сарф карда мешуд. Тараққиёти саноати вазнин зарари худро бештар ба саноати сабуку кишоварзӣ расонид. Ҳаёти одамони оддӣ дар ин давра хело ҳам бад буд:, сатҳи зиндагии аҳолии шӯравишӯравӣ паст буд нисбат ба дигар давлатҳо, маҳсулотҳои оддӣ намерасиданд, мушкилоти ҷиддӣ, ки ин таъмини аҳолӣ бо маскан буд боқӣ монд.
 
== Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии ИҶШС ==