Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ, илова
Сатри 31:
 
== Эҷодиёт ==
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Аввалин ҳикояҳои ӯ дар моҳномаи «Раҳбари дониш» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расидаанд. Соли 1932 маҷмӯаи ашъораш «Манзараҳои сегона», соли 1934 «Таронаҳои меҳнат» ва «Меваи Октябр» аз чоп баромадаанд.
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и ш. Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони [[водии Фарғона]] (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Маҷмӯаи «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940) маҳсули эҷоди солҳои сиюми ӯро ҷамъбаст кардааст. Асарҳои дар солҳои ҷанг офаридаи ӯро китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945) фароҳам овардааст.
Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад. Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии “Хисраву Ширин” (1936), ки ҳамроҳи [[Мирзо Турсунзода]] дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми “Шӯриши Восеъ” (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор [[Сергей Баласанян]]). Дар ин дром оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ “Комде ва Мадан” (1952, дар асоси як сюжети “Ирфон” – и Бедил) низ либреттои опера шудааст (бастакор [[Зиёдулло Шаҳидӣ]]). “Нур дар кӯҳистон” (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии “Қиссаи Таърифхӯҷаев” (1953, бо ҳамроҳии [[Боқи Раҳимзода]]) комедияи ҳаҷвӣ мебошад.
Дар давоми солҳои баъдина «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957), китобҳои «Ҳаёт қадам мезанад» (1961), «Бунафша» (1963), «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954)-и ӯ ба табъ расидаанд.
Китоби панҷҷилдаи «Куллиёт» осори нисбатан мукаммали ӯро фаро мегирад, ки солҳои 1965-1966 интишор ёфтааст. Тарҷумаи русии гулчини шеърҳояш «Оби равон меояд» соли 1957 дастраси хонандагони русзабон гардидааст. Вобаста ба ҷанбаву масъалаҳои гуногуни адабиёти бачагон, тарҷумаи бадеӣ, маданияти сухан, фасоҳати забон ва ғ. мақолаҳои пурарзиш офаридааст.
Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷума ва таҳрири осори класикони максизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст.
Охирин хидмати фаромӯшношудании ӯ таҳрири чанд ҳарфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад, ки китоби рӯимизии хурду калон гардидааст.<ref>[https://www.navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/368-abdusalom-de-ot Абдусалом Деҳотӣ] </ref>
 
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и ш. Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони [[водии Фарғона]] (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.
Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин» (1936), мустақилона либреттои операҳои «Шӯриши Восеъ» (1940) ва «Комде ва Мадан» (1952)-ро навиштааст. Соли 1953 (ҳамроҳи Б.Раҳимзода) мазҳакаи «Қиссаи Таърифхоҷаев»-ро ба қалам овардааст.<ref>[https://www.navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/368-abdusalom-de-ot Абдусалом Деҳотӣ] </ref>
 
Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад. Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии “Хисраву Ширин” (1936), ки ҳамроҳи [[Мирзо Турсунзода]] дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми “Шӯриши Восеъ” (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор [[Сергей Баласанян]]). Дар ин дром оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ “Комде ва Мадан” (1952, дар асоси як сюжети “Ирфон” – и Бедил) низ либреттои опера шудааст (бастакор [[Зиёдулло Шаҳидӣ]]). “Нур дар кӯҳистон” (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии “Қиссаи Таърифхӯҷаев” (1953, бо ҳамроҳии [[Боқи Раҳимзода]]) комедияи ҳаҷвӣ мебошад.
Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии Ҳисор]] тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад.<ref>Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560</ref>