Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 31:
== Зиндагинома ==
15 апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916-1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст. Солҳои 1921-1922 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум будааст. Баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон шудааст.
Пайрав Сулаймонӣ [[9 июн]]и соли [[1933]] аз олам даргузашт.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon Пайрав Сулаймонӣ] </ref>
 
 
Пайрав Сулаймонӣ [[9 июн]]и соли [[1933]] аз олам даргузашт.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon Пайрав Сулаймонӣ] </ref>
== Эҷодиёт ==
Аз 15-солагӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан шеъри суннатӣ (ғазал) гуфтааст ва Инқилобро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (1920) пешвоз гирифтааст. Чанд сол шеърҳои ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ суруда, дар қатори биҳин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст. Таҳаввулоти эҷодии ӯ аз шеъри «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ» (1926) сарчашма гирифтааст. Ҳаёти нав ва дигаргуниҳои ҳаррӯза ба шеъри ӯ рангу бори тоза ато кардаанд, ки сурудаҳои ӯ «Ду ҳуҷум», «Ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар», «Якуми Май ва МОПР», «Асира ё худ исён» ва ғ. мисоли онанд. Устод [[Садриддин Айнӣ]] намунаҳои ашъори Пайравро ба «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дохил карда, ба ӯ баҳои баланд додааст.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon Пайрав Сулаймонӣ] </ref>