Анваров Саидаҳмад (1894-1938)– дар Конибодом дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Ходими давлатӣ, иштирокчии фаъоли муборизаи роҳи пойдор кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Узви ҳизби коммунист аз соли 1919. То солҳои 1918 дар мактаби русии маҳаллӣ таҳсил кард. Солҳои 1918-1925 инструктори иттифоқи «Кушчӣ» («Ҷуфтгарон»)-и Конибодом, мудири шуъбаи обу замини вилояти Фарғона. Солҳои 1925-1929 комиссари халқии зироат ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1929-1931 намояндаи доимии ҶШС Тоҷикистон дар ШКХ ИҶШС, солҳои 1931-1933 дар академияи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқи Москва таҳсил кардааст. 1933-1935 сардори шуъбаи сиёсии МТС-Шаҳринав, раиси комиҷроияи ноҳияи Варзоб, солҳои 1935-1937 коркуни масъули комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон буда, борҳо ба узвияти КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва КИМ – и ҷумхурӣ интихоб шудааст. Аз руи маълумотҳои мо хидмати ин марди хирадманд барои дар сатҳи ИҶШС ҳал кардани масоили мубрами ҷумхурӣ хеле калон буда, шахсияти Саидаҳмад Анваров тадқиқоти мушаххас ва мукаммалро мехоҳад.