Гастон Виет (фр. Gaston Wiet; 18 декабри 1887, Порис — 20 апрели 1971, ҳамон ҷо) — шарқшиноси фаронсавӣ. Мутахассиси забон, адабиёт, таърих ва ҷуғрофияи араб.

Гастон Виет
фр. Gaston Wiet
Таърихи таваллуд 18 декабр 1887(1887-12-18)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 апрел 1971(1971-04-20)[2][3][4] (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Шогирдон Jean David-Weill[d]
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Дар Донишгоҳи Қоҳира аз адабиёти араб дарс медод ва мудири Осорхонаи ҳунарҳои исломӣ дар он шаҳр буд (аз 1926). Аз соли 1951 дар Коллеҷ де Франс кор мекард ва аз соли 1957 ба ҳайси узви Фарҳангистони катибаҳои Фаронса фаъолият менамуд.

Таҳқиқот вироиш

Гастон Виет муҳаққиқи адабиёти арабӣ (китоби «Мадхали адабиёти арабӣ», 1966), ношир ва тарҷумони осори таърихӣ ва ҷуғрофиёи арабӣ (чоп ва тарҷумаи фаронсавии «ал˗Мавоизу˗л˗эътибор»˗и Мақризӣ; тарҷумаи асари ҷуғрофиёи «ал˗Булдон»˗и Ибни Возеҳи Яъқубӣ ва ғайра) мебошад. Забони форсиро медонист, аз таърихи Эрон, адабиёту фарҳанги он огоҳӣ дошт ва дар ин бобат таҳқиқоти ҷолибу арзанда дорад, ки дар рисолаи «Қайдҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори Анри Массе» (1970) ҷамъбаст гардидаанд. Гастон Виет дар ин рисола оид ба хидмати А. Массе дар омӯзиши «Шоҳнома», тарҷумаи он ба забони фаронсавӣ, андешаҳову назари худро оид ба Фирдавсӣ (дарёфти ҳаммонандӣ байни шеъри Фирдавсӣ ва шоири Юнони Бостон — Горатсий) ва «Шоҳнома» иброз доштааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шокир Мухтор. Адабиёти тоҷик дар Франция. Д., 1985;
  • دانشنا مۀ دانش گستر. جلد هفدهم، تهران، 1389 هـ. ش.ر

Сарчашма вироиш