Зарин, эфири изопропили фторангидриди кислотаи метилфосфонат, моеъи заҳрноки беранг, зичиаш 1,094 кг/м3 (20 С). Дар халкунандаҳои органики хал шуда, бо об дар нисбатҳои гуногун омехта мешавад. Зарин бо роҳи нафас, пуст ва меъдаю рӯда (бо хурок ё об) организмро захролуд мекунад.