«Муаллим» (порсӣ: معلم ) — филми бадеии истеҳсоли киностудияи Тоҷикфилм (соли 2014). Коргардон-таҳиягар: Носир Саидов, Наворбардор — таҳиягар: Георгий Дзалаев, Рассом- таҳиягар: Меҳриддин Абдусаид, Композитор- таҳиягар: Далер Назаров. Дар нақшҳои асосӣ: Марат Орифов, Абдукарим Машрабов, Маҳнози Афшор (Эрон).[1]

Муаллим
форсӣ: معلم
Жанр филми диром
Коргардон Носир Саидов
Мамлакат
Забон тоҷикӣ
Сол 2014
IMDb ID 4492568

Таърих вироиш

Наворбардории филми «Тоҷикфилм» бо номи «Муаллим» бо ширкати яке аз машҳуртарин ҳунарпешаҳои эронӣ Маҳнози Афшор ба анҷом расид. Ин филм бори дигар ҳунарманди маъруфи кишвар Марат Орифовро ба саҳнаи кино кашид. Баъди бист соли бознишастагӣ Марат Орифов бо даъвати коргардони шинохта Носир Саидов ба Душанбе омад ва нақши калидиро дар ин филм бозӣ кард.[2]

Ҷоизаҳо вироиш

Филми «Муаллим» бо коргардонии Носир Саидов дар ҳошияи сию сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон дар Пардиси синамоии «Миллат» — и Теҳрон (майи соли 2015) намоиш дода шуд. Дар ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» ҳунарманди тоҷик Марат Орифов барои нақшофарӣ дар филми «Муаллим» — и коргардон Носир Саидов бо гирифтани ҷоизаи махсуси ҷашнвора «Симурғи булурин» муваффақ гардидааст.[3]

Пайвандҳо вироиш

  1. Сомонаи Тоҷикфилм, филми «Муаллим»
  2. Наворбардории «Муаллим» ба анҷом расид. 3 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  3. МАРАТ ОРИФОВ МУВАФФАқ БА ГИРИФТАНИ ҷОИЗАИ «СИМУРғИ БУЛУРИН» ШУД. 3 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2016.