Эркин Раҳмонов (13 феврали 1954, Душанбе) — пизишки бемориҳои сироятӣ. Пизишки категорияи олӣ, доктори илми тиб (2004), профессор (2006). «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» (2008).

Эркин Раҳмонов
Эркин Раҳимович Раҳмонов
Таърихи таваллуд 13 феврал 1954(1954-02-13) (70 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Зиндагинома вироиш

Эркин Раҳимович Раҳмонов 13 феврали соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро бо ихтисоси духтури муолиҷакунанда хатм кардааст (1977). Интерни бемориҳои сироятӣ (1977—1978), пизишки бемориҳои сироятии клиникии беморхонаи клиникии касалиҳои сироятии ш. Душанбе (1978—1983), ассис. (1983—1993), ҳимояи рисолаи номз. (1987, Киев), дотс. (1993—2006), профессор (аз соли 2006) ва муд. каф. бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (аз соли 2008), ҷон. декани фак. муолиҷавӣ (1990—1993), соли 1995—2005 — ҷон. проректор оид ба корҳои муолиҷа ва соли 2005-08 декани фак. умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Аз соли 2008 — муд. каф. бемориҳои сироятӣ.Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Бо Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Дар мавзӯи «Такмили муолиҷаи комплексии беморони гирифтори фастсиолёз ва офиятбахшии онҳо» рисолаи номз. ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои эпидемиологӣ, клиника, ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемории домана дар шароити ғайримуқаррарӣ» рисолаи док. дифоъ намудааст. Муаллифи 130 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 24 дастури таълимию методӣ, 5 пешниҳоди ихтироотӣ, дорандаи зиёда аз 20 сертификати давлатҳои дуру наздики хориҷӣ ва китобҳои дарсии

  • «Бемориҳои сироятӣ» (Д.,2006, ҳаммуаллиф),
  • «Бемориҳои микробӣ ва ғайримикробӣ» (Д.,2010)

ва мақолаҳои

  • « Эпидемиалогия, клиника, диагностика, лечение и профилактика бруцеллёза», маҷ. «Паёми Сино», 2007;
  • «Состояние гемостаза при брюшном тифе с учетом кожных проявлений» «Паёми Сино», 2008,№ 2 ;
  • «Проблемы потребления наркотиков и ВИЧ — инфекция в РТ» «Паёми Сино»,2008, № 1;
  • «Некоторые клинические проявления ВИЧ — инфекции ӯ потребителей инъекционных наркотиков», маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», 2008,№ 1;
  • «Особенности клинического течения некоторых микст- инфекций при остром амёбиазе кишечника» дар маҷ. «Поёми Сино», 2008, № 3 ва ғ.

Таҳти роҳбарии ӯ 7 унвонҷӯ рисолаи номз. дифоъ кардааст.[1]


Сарчашма вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 108. — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6