Википедиа:Абзори тарҷумаи муҳтаво

Абзори тарҷумаи муҳтаво — абзорест, ки ба виройишгарон иҷозат медиҳад, ба сурати муҷовир ба тарҷумаи мақолаҳо аз як забон ба забони дигар машғул шаванд. Ин абзори қисматҳои такрории тарҷумаи муҳтаворо (мисли афзудани гурӯҳҳову пайвандҳо) ба сурати худкор анҷом медиҳад ва матни забони дигарро ба сурати мошинӣ тарҷума мекунад. Абзори мазкур яке аз воситаҳои маъмултарину осонтарини тарҷумаи мақолаҳо аз як забон бо забони дигар мебошад, ки ҳар ду мақола паҳлӯи ҳам қарор мегиранд ва метавон, ҳамзамон дар баробари тарҷумаи мошинӣ онро вироиш ва дуруст кард. Барои дастрасӣ ба абзори мазкур тугмаи
Абзори тарҷумаи муҳтаво — ро пахш кунед.

Тартиби истифодаи абзори мазкур дар Википедияи Тоҷикӣ вироиш

Корбарон бояд бояд бо забони мавриди ҳадаф шинос бошанд. Онҳо инчунин бояд на танҳо тарҷумаи мошиниро тавре ки ҳаст, нашр кунанд, балки бояд тарҷумаро, ки одатан калимаҳо ва хатоҳои аҷиберо ҳангоми тарҷумаи мошинӣ рух медиҳат баррасӣ ва ислоҳ кунанд, то як матни хубе ба хонандаи забони мақсад пешниҳод шавад.

Ҳамчунин ҳангоми эҷоди тарҷумаи мақола ба тоҷикӣ бояд аз эҳтиёт кор гирифт то ғалатҳое ки аз тарҷумаи мошинӣ сар мезанад, ба Википедия роҳ наёбад.

Пешгирӣ аз тарҷумаи мошинӣ вироиш

Матне ки абзор фароҳам меоварад, маъмулани матни ниҳоии қобили истифода нест ва ниёз ба бозбинӣ тавассути эҷодкунанда мақола дорад. Абзори тарҷумаи муҳтаво дар воқеъ сохторе куллӣ аз мақола фароҳам меоварад, ки ниёз ба беҳбуд дорад. Мақолоте ки ба сурати тарҷумаи мошинӣ раҳо шуда бошанд, маъмулан барчасби ҳазфи замондор мехуранд.

Риояти ҳаддиақалҳои мақолаи тарҷума шуда вироиш

Беҳтар аст, пас аз интишори мақола ба василаи ин абзор, аз риояти ҳаддиақали мақолаи тарҷумашуда дар он мутмаин шавед; аз ҷумлаи корҳои имконпазир аз қабили коркарди саҳеҳе миёни вики, улгуҳо, гурӯҳҳо ва марҷаъҳост.