Ҳукумати шаҳри Душанбе

Душанбе (форсӣ: دوشنبه‎) – калонтарин шаҳр ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он 778,5 ҳазор нафар (Соли 2014) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Аммо дар асл дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион шахс зиндагӣ мекунад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.[1] Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла - 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад. бештар...

  1. http://www.dushanbe.tj/capital/passport/