Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/27
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (порсӣ: مولانا جلال الدین محمد رومی ) ё Мавлоно — ориф ва шоири номдори тоҷику форс.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) дар соли 604 ҳиҷрӣ (соли 1207) дар Балх зода шудаасст. Ӯ баъдҳо ба ҳамроҳи падараш ба Куния дар Руми шарқӣ муҳоҷират кард ва ба ин далел, дар бархе манобеъ, аз ҷумла Ғарб, "Мавлонои Рум" ё "Румӣ" ном гирифтааст. "Маснавии маънавӣ" ва "Девони ғазалиёти Шамс", аз осори машҳури Мавлонои Балхӣ аст, ки дар Шарқ ва Ғарб шинохта шудааст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Аҳмад Ҷалолиддини лақабаш бо Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо аз Балх ба Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекучанд. Соли 1232 дар назди Бурҳониддини Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Мавлоно Балхӣ Балхӣ соли 1273 дар Кунияи Рум вафот мекунад. Бузургтарин асари у "Маснавии Мавлавӣ", ки соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст, зиёда аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бештар...