Борбад (форсӣ: باربد‎) (тақр. 585 – 589, Нисо (Нусай), Марв – 628 – 638, Тайсафун) — сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.

Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (Порсии миёна) —

«

Ба мартабаи бузург ё ба бори бузург расидан

»

Зиндагинома

вироиш

Фаъолияти омӯзишӣ ва ҳунарандӯзиаш асосан дар Марв (Марвиҷаҳон), ки аз бузургтарин марказҳои фарҳангии замони Сосониён буд, ҷараён гирифтааст. Мувофиқи ахбори манобеи хаттии арабизабон, форсии тоҷикӣ, арманӣ (Ал-Ҷоҳиз, 775 – 818; Ибни Хурдбеҳ, ваф. 912; Масъудӣ, ваф. 957; Ибни Муқаффаъ, 721 – 757; Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, 897 – 967 ва дигарон) хонаводаи Борбад тақрибан солҳои 588 – 590 ба ин шаҳр кӯчидааст. Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (592 – 628) Борбад асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш, ки мусиқидону фарҳангии шинохтаи замонаш буд, омӯхтааст. Борбад аз овони ҷавонӣ аз донандагони шеъру мусиқӣ овозхонӣ, сознавозӣ ва асосҳои назарии мусиқиро омӯхта, дар асоси «Готҳо», «Яшт», «Ясно» таронаҳои гуногунмавзӯи мавсимию маросимӣ эҷод менамояд. Дар шаклу анвои шеърию мусиқӣ «транак» (tranak – тарона), «чикамак» (chikamak – чакома), «срут» (srut – суруд), «патвожа» (patwajak) ва ғ. асарҳо меофарад ва чун сароянда, навозанда ва шоири боистеъдод ба камол мерасад.

Эҷодиёт

вироиш

Асари силсилавии мусиқии Борбад «Хусравонӣ» («Срот-и Хусравоник» – Xusrawanik, «Хусравонӣ bor» – «Суруди Хусравонӣ»), ки дар манобеи адабию таърихӣ ва мусиқӣ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар арабӣ бо унвони «Тариқат-ал-мулукия» машҳур аст, бинобар тавзеҳу тавсифи мусиқидонон аз аввалин маҷмӯи мӯҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи тамаддуни мусиқии мардуми эронӣ ва умуман Шарқ мебошад. Ин асар маҷмӯи ситоишии ҳамосию таърихӣ буда, ба шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (590 – 628) бахшида шудааст. Борбад инчунин силсилаи дигари мусиқиро бо номи «Сраишник» – Srayishnik сохтааст, ки дар сурудҳои он табиат, сиришту тақдири инсон, корнамоии паҳлавонон ва ғ. ситоиш гардидаанд. Дар манобеи хаттӣ («Китоб-ут-тоҷ»-и Ал-Ҷоҳиз) ин силсила бо номи «Сарвад Ҳунавак» – Sarwad hunawak (сурудҳои хушоҳанг, замзамаи сохту таркибан ситоишӣ) бештар ёд шуда, дар ташаккули маҷмӯи мусиқии тавсифии минбаъда нақши муассир доштааст. Борбад дар дарбори шоҳаншоҳони сосонӣ ба мартабаи «сарвар», «шоҳи ромишгарон» мерасад. (бештар...)