Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон (ар. ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا‎ ; 5 сентябрӣ соли 699, Куфа — 18 июни соли 767, Бағдод) — олими исломшинос, фақеҳ ва муҳаддис, муассис ва эпоними яке аз чор мактабҳои исломӣ-ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ (ҳанафия)

Абу Ханифа маорифи умумӣ ва иллоҳиро дар Куфа гирифтаааст. Дар байни  муаллимону мударрисонаш саҳобагони паембар Муҳаммад низ буданд. Вақте Абу Ханифа 22 сола буд, ӯ  шогирди олими ироқӣ Ҳаммада ибни Абу Сулаймон гардид  дар маҳфили ӯ 18 сол то ба марги устодаш таҳсил намудааст ва сипас худи ӯ  ин маҳфилро дар давоми даҳ сол роҳбарӣ кардааст, ва ба ин васила ҳамчун фақеҳи боэтибори Куфа ва Басра номдор шудааст. Дар солҳои 747-748 барои раҳо ёфтан аз қасди Ибни Хубайра ҳокими Ироқ, ки ӯро ба хизмати давлатӣ даъват мекард, ба Макка  баргузид. Баъди тасдиқи қудрати халифаҳои Аббосӣ  ба Ироқ баргашта, бо тиҷират ва олимӣ машғул шудааст. Халиф ал-Мансур ба Абу Ханифа мансаби наверо дар пойтахт — Бағдод пешниҳод кардааст,   вале Абу Ҳанифа онро низ рад кардааст (бештар...)