Рӯзномаи «Иди тоҷик» — (аз 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев рӯзномаи «Бедории тоҷик» баромад, ки он аслан шумораи рӯзномаи «Иди тоҷик» буд). Аз 8 октябри соли 1928 бо номи «Тоҷикистони сурх», минбаъд «Тоҷикистони Советӣ», «Ҷумҳурият» чоп шудааст. Матбуоти навбунёди шӯрои тоҷик вазифадор буд, дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дар ривоҷу маорифу маданият ва тарғиби идеяҳои коммунистӣ ҳамчун аслиҳаи тавонои ҳизб хидмат кунад. Зеро «Ба забонҳои таҳҷоӣ нашр кардани матбуоти ҷумҳуриҳои миллӣ, зиёд шудани адади нашри онҳо, бо омма мустаҳкам шудани алоқаашон (бо ёрии мухбирону коргару деҳқон) ба завқу фаҳмиши оммаи деҳқон наздик шудани онҳоро таъмин кардан лозим» буд. Ҳанӯз дар ҷамъомади аввалини бюрои ҳизбии Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ки 10 декабри соли 1924 баргузор гардид, масъалаи беҳтар кардани вазъи матбуот мавриди муҳокима қарор ёфт.(бештар...)