Википедиа:Сиёсат оиди ботҳо
Ин саҳифа сиёсати расмии Википедияи Тоҷикӣ аст. Ин сиёсат мақбулияти густардаи дар миёни вироишгарон дорад ва як меъёр барои вироишгарон ба шумор меравад, ки ҳама бояд аз он пайрави кунанд. Замоне, ки саҳифаеро вироиш мекунед, талош кунед, ки вироиши шумо баёнгари иҷмоъ бошад ва агар мутмаъин нестед нахуст дар саҳифаи баҳс, онро баҳс кунед. |
Foreign contributors can look through an English translation of the bot policy. Nevertheless, in all cases only the Tajik text is considered the official policy.
Роботҳо («Ботҳо») — ин барномаҳо барои дохил кардани тағйирот бо тарзи автоматӣ ва нимавтоматӣ бо назорати ночиз ё умуман бе назорати одам истифода бурда мешавад. Аз сабаби он, ки ботҳо метавон кори серверҳоро якбора паст ё кори лоиҳаҳоро вайрон кунанд, нисбати онҳо талаботҳо муқарар шудааст, қоидаи (policy) ва роҳнамо (guidelines) Қоида муайян мекунад, ки ботҳо чӣ тавр фаъолияти худро мувофиқи талаботи лоиҳаҳо иҷро кунанд; ботҳое, ки ин қоидаро риоя намекунанд, баста мешаванд, то даме ки соҳиби бот мушкилиҳои таҷҳизотиро ислоҳ ва дастурҳоро риоя кунад.
Сиёсат
вироишҲиссоби корбарии бот
вироишБот бояд аз номи ҳиссоби корбарии худ фаъолият кунад, алоҳида аз ҳиссоби корбарии соҳиби бот, чун парчами бот набояд ба одам диҳанд. Саҳифаи шахсии бот бояд маълум ва ишора ба бот бошад, то ки дигарон тавонанд онҳоро аз вироишгарон-одамон фарқ кунанд. ва соҳибони бот бояд ба шарҳ додан омода бошанд оиди кори ботҳои худ. Соҳибони ботҳо ҳуқуқ надоранд, барномаҳои-ҷавобгӯро истифода баранд. . Баъзе соҳибони бот метавон саҳифаи баҳси ботро ба саҳифаи баҳси худ тағйири масир диҳанд, агар боти онҳо ба коргардони матбуот ҷӯр нокарда бошад.
Сабтином
вироишСе ҳолат барои пайдо кардани ҳуқуқ оиди истифодабарии бот дар вики мавҷуд аст.
Ботҳои саросарӣ
вироишБотҳои саросарӣ (Global bots) ҳукми дастрасӣ пайдо мекунанд, дар ҳамаи лоиҳаҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи ботҳои саросарӣ ҷорӣ бошад (ин бояд дар дастури маҳаллии лоиҳа навишта шуда бошад ниг. рӯйхат). Барои иҷозат гирифтани дастрасии саросарӣ, бот бояд ба ин раванди талабот ҷавобгӯ бошад: бот бояд танҳо коргардонии интер-вики равонаҳо ё ислоҳи тағйири масири дукарата (double-redirects) кунад; бот бояд иҷозати дастрасӣ дар якчанд вики-лоиҳаҳо дошта бошад, дар онҳо фаъол ва саҳми бузург гузоштааст ва ҳамчун боти боваринок бошад. Дархост барои дастрасии боти саросарӣ бояд дар саҳифаи Steward requests/Bot status диҳанд. (Ин қоида ботҳоро аз дигар корҳо мамнуъ намекунад, агар ҷамъияти маҳаллӣ розӣ бошад.) Ҳуқуқи саросарии бот, танҳо дар лоиаҳаҳои, ки шумораашон маҳдуд аст, барои вироиш кардан мувофиқи қоидаҳои маҳаллӣ иҷозат дода мешавад. Шумо метавон рӯйхати вики-лоиҳаҳое, ки дар он ботҳои саросарӣ фаъол ҳастанд дар инҷо дида бароед. (Шумо метавонед ба дархостдеҳӣ дар лоиҳаҳои маҳаллӣ, ки иҷозат ба ботҳои саросарӣ надоранд, давом диҳед.)
Розигии автоматӣ
вироишАгар дар вики-лоиҳа ошкоро гирифтани парчами бот бо тарзи автоматӣ иҷозат бошад, ботдорон метавон дархости парчами боти маҳаллиро бе восита ба википедон диҳанд. Барои ин имкониятро доштан, бот бояд ба ин талабот ҷавобгӯ бошад: розигии автоматӣ, бояд дар қоидаи лоиҳаи маҳаллӣ иҷозат ё дар саҳифаи дархост ба парчами бот ишора бошад; бот бояд дар лоиҳа бе парчами бот на кам аз як рӯз ё на кам аз 100 вироиш дошта бошад, барои намоиши риояи қоидаҳо ва ҷавобгӯи мақсади лоиҳа; бот бояд танҳо коргардонии интер-вики равонаҳо ё ислоҳи тағйири масири дукарата (double-redirects) кунад;
Бо розигии ҷамъият
вироишДар ҳолати муқобил, агар ҷамъияти маҳаллии яке аз лоиҳаҳо муҳтоҷ ба фаъолияти ботҳо бошад, ботҳо бояд розигии ҷамъиятро ба воситаи дархост дар лоиҳаи маҳаллӣ диҳанд. Ин корро бояд пеш аз бо суръат корфармоии бот ё бе назароти одам кард. Дар ҳолати розигии ҷамъият, барои гирифтани парчами бот, яке аз бюрократҳо метавон ин парчамро диҳад ё ба википедон пешниҳод кунад. Агар ингуна розигии маҳаллӣ набошад, дархост иҷро намешавад, ва бот метавон бе парчам аз паси кор шурӯ кунад ё умуман фаъолиятро қатъ кунад.
Истифодаи нораво
вироишВироиши шубҳанок: Ба ботҳо вироишҳое иҷозат ҳаст, ки чунин вироиш дар ин лоиҳа аз тарафи ҷамъият расмӣ ва мақбул бошад. Ботҳо набояд вироишҳои шубҳанок кунанд. Агар хоҳиши ваъсе гардондани давраи фаъолияти худро дошта бошед, барои иҷрои масъалаҳои ба ҷамъияти маҳаллӣ писанд, шумо бояд дар саҳифаи баҳси муносиб ҷамъиятро хабар диҳед ва боварӣ ҳосил кунед, ки зид набошанд. Агар парчами ботро аз рӯи маросими автоматӣ гирифта бошед, то бояд ҳатман қоидаҳоро риоя кунад мувофиқи "фасли муносиб". Гирифтани маълумот: Ба ботҳо мамнуъ аст, гирифтани омавии мавод барои ҳаргуна масъалаҳо, ки ба масъалаҳои писанд омада ва розигии ҷамъият ба бот дода вобаста нест. Дар хусус ба инҷо шумори динамикии саҳифаҳо аз дигар веб-сайтҳо (ки метавон ба даровардани бефосилагии ингуна сайт ба рӯйхати сиёҳ оварад). Агар шумо хоҳиши гирифтани маълумот бо ҳаҷми зиёд ё сози оинаи вики-лоиҳа бошед, инро метавон бо роҳи бори симои статии махзани маълумот. Тафтиши имло: Ислоҳи хатогиҳои имлоӣ бо тарзи автоматӣ дар бисёри лоиҳаҳо манъ аст бе розигии ҷамъияти маҳаллӣ, хусусан дар фазои номҳо, чун якеро ислоҳ кунад дигареро вайрон. Дар бисёри забонҳо, бе хатогиҳои зиёд ин корро карда намешавад.
Ҳазфи унвони боти саросарӣ
вироишҲуқуқи боти саросарӣ ҳазф мешаванд: Бо хоҳиши соҳиби бот Агар бот матин ба корҳое машғул аст, ки аз доираи иҷозати ӯ берун аст Агар бот ғайрифаъол шуд дар иҷрои ҳали ин раванд: Ғайрифаъол гуфта ҳар як ҳисоби корбарии боти саросариро меноманд, ки бот дар ягон лоиҳа ягон тағйирот дар давоми як сол нагузарондааст. Пеш аз гирифтани парчам аз боти ғайрифаъол соҳибонашонро бояд хабардор кунанд дар саҳифаҳои лоиҳа ё дар Мета-вики.
Роҳнамо
вироишНом
вироишМатлуб аст, ки номи ҳисоби корбарии бот дар дохили худ калимаи bot-ро дошта бошад, барои сабук шудани фарқи онҳо аз корбарон-одамон; аз ҳама номи паҳншуда дар байни ботҳо — ин дар охири номи соҳиби бот истифодаи калимаи бот ба мисли (Pathosbot), ё интихоби ингуна услуб (ба мисли Xenophon (bot)).
Суръати вироиш ва вироиш дар қуллаи соат
вироишБотҳое, ки парчами ботро надоранд, бояд бо суръати як вироиш на кам аз 1 дақиқа кунанд. Пас аз гирифтани парчам, иҷозатаст, ки фосилаи байни вирошот то ба 5 сония (12 вироиш дар 1 дақиқа) кӯтоҳ шавад. Ботҳо бояд аз вироишот дар қулаи соат даст кашанд (вақте ки бисьёри вироишот ба он рост меояд), чун онҳо, истифода аз захираи серверҳо мекунанд, ки ба хонандагон ва вироишгарон таъин шудааст. Дар қуллаи соат, ботҳо бояд фосиларо ба 1 вироиш дар 20 сония (3 вироиш дар 1 дақиқа) кам кунанд, то ки захира сарфа шавад.
Суръати ботҳо метавон бо тарзи автоматӣ таҳрир шавад аз рӯи ҳисоби зуроварӣ ба сервер (slave database server lag) ба воситаи ҳамроҳ кардани бузургиҳои иловагӣ дар сатри дархости ҳар як дархости URL; ниг. mw:Manual:Maxlag parameter.
Назорат
вироишАгар бот пурра автоматӣ бошад, соҳиби ӯ бояд ҳамеша барои суолҳо дар тамос буда, аз хабарҳо огоҳ ва ба қатъ кардани фаъолияти бот омода бошад, агар фаъолияти у ба мушкилиҳо оварад (кори бе манфиат, вуҷуди шикоятҳо ва ҳоказо). Агар тамос (алоқа кардан) бо соҳиби бот ғайриимкон бошад, дар ин ҳолат ботро бастан лозим, то даме, ки соҳиби бот камбудиро бартараф кунад.