Википедиа:Такзибномаи таваккал

↱ ВП:РИСК


Шумо бо тарс ва хавфи худ аз Википедиа истифода мекунед.

Лутфан огоҳ бошед, ки ҳар иттилооте, ки дар Википедия пайдо мекунед мумкин аст нодуруст, гумроҳкунанда, хатарнок, эътиёдовар, ғайриахлоқӣ ё ғайриқонунӣ бошад.

Баъзе аз иттилооте, ки дар Википедия вуҷуд дорад мумкин аст барои хонандгоне, ки аз ин иттилоот дар фаъолиятҳои шахсишон истифода мекунанд ё аз онҳо пайравӣ мекунанд хатароти ғайримаъқулро ба вуҷуд оваранд.

Ҳеҷ кадом аз нависандагон, мушорикаткунандагон, ҳимояткунандагон, мудирон, харобкорон ё ҳар кас дигаре, ки ба шакле ба Википедия марбут мешавад ҳеҷ масъулияте дар қиболи истифода аз иттилооте, ки дар ин веб-сайт вуҷуд дорад ё ба онҳо линк шудааст, надорад.

Лутфан тамоми марҳилаҳои лозим барои итминон аз сиҳат ва қобили исбот будани иттилооте, ки аз Википедия мегиред анҷом диҳед. Манобеъро дар интиҳои мақола баррасӣ кунед. Сафҳаи баҳсӣ мақола ва таърихчаи онро барои иттилоъ аз вуҷуди ихтилофоти эҳтимолӣ бар сари муҳтавои мақола нигоҳ кунед. Матолиберо, ки манобеи мустақил доранд чандин бор баррасӣ кунед.

Агар мақолае шомили пешниҳодоти хатарнок, ғайриқонунӣ ва ё ғайриахлоқи буд ба ёд дошта бошед, ки ҳар касе метавонад ин иттилоотро ба Википедия изофа кунад. Нависандагон мумкин аст тамоми иттилоот, иқдомоти эҳтиётӣ ё дигар мавридҳоро барои ҷилавгирӣ аз садама расидан ба худтон, васоилтон ё афродӣ дигарро дар мақола нағунҷонда бошад. Агар шумо мушовараи тахассусӣ лозим доред (мисли пизишкӣ, ҳуқуқӣ, молӣ, издивоҷ ё мудириятӣ) лутфан ба шахсе мутахассис дар он замина муроҷиа кунед.

Википедия ба таври яксон баррасӣ нашудааст; Агарчи хонандагон мумкин аст эродҳо ва пешниҳодҳои иштибоҳро тасҳеҳ кунанд вале онҳо ҳеҷ вазифаи қонунӣ барои анҷоми ин кор надоранд. Тамоми иттилоот мавҷуд дар сайт бидуни ҳеҷ гуна замонат дар ҳар манзур ё ҳар чизи дигар аст.


Бар ҳеҷ иттилооте дар Википедия бидуни манбаи мустақил такя накунед.