Википедиа:Эҷоди мақола/Источники

Эҷоди мақола/Источники
URL Бихон

Бихон — китобхонаи маҷозӣ дар сигменти тоҷикии шабакаи ҷаҳонии интернет буда, соли 2020 таъсис ёфта ва фарогиртарин китобхонаи электронии тоҷикии ройгон баҳисоб меравад.

Дар бораи сомона

вироиш

“Бихон” китобхонаи фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ, маърифатӣ, таълимӣ ва омавӣ буда, аз ҷумлаи фарогиртарин китобхонаҳои электронии сигменти тоҷикии шабакаи ҷаҳонии интернет мебошад. Дар ин китобхонаи маҷозии тоҷикӣ аз ҳар гулистоне гулдастаеро ҷамъоварӣ намудем, то посухгӯи ниёзҳои маънавии тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеъа новобаста аз касбу корашон бошад. Дар ин сомона китобҳои мавриди ниёзи худ оид ба тамоми самту соҳаҳоро, ройгон дастрас кардан имконпазир аст.

Сохтор

вироиш

Ҷо ба ҷоии китобҳо мантиқӣ буда, гирифтан (скачать)-и онҳо саҳлу содааст. Корбарон ҳангоми ворид шудан ба сомона сараввал номгӯйи китобҳои тозаворидро мушоҳида мекунанд. Дар саҳифаи асосӣ бахшҳои китобхона, адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, феҳристи муаллифон ва дарбораи мо дар қисми болоӣ қарор дорад.
Дар тарафи чапи менюи асоси бахши “Президент” ҷой дорад, ки дар он китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳо доир ба рӯзгору пайкори Сарвари давлат ҷой дода шудаанд.
Ҷиҳати дар фурсати андак пайдо намудани китоби мавриди назар бахши “Ҷустуҷӯ” фаъол аст. Инчунин, барои дастрасии фаври дар тарафи чап номгӯйи бахшҳои сомона аз рӯи алифбо қарор дода шудаанд.
Бомақсади ёрии фаъол ва амалӣ ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” феҳристи адабиёт мувофиқи замимаи низомномаи озмун таҳия ва аз рӯи номинатсияҳо раддабанди гардида, дар сомона таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ” ҷойгир карда шуд.
Барои мушаххас намудани муаллифи маҳбуб ва китоби мавриди алоқаи корбарони сомона феҳристҳои даҳгонаи муаллифони маҳбуб ва китобҳои пурбинандатарини сомона низ дар қисмати чапи саҳифаи асосӣ қарор дода шудааст.
Дар қисми “Китоби тавсияшаванда” мудирияти сомона ба корбарон китобҳои ҷолибу хонданиро тавсия медиҳанд.
Дар бахши “Мақолаҳо”, ки дар саҳифаи асоси ҷой дорад, мақолаҳо доир ба китобхонӣ ва дигар самту соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсонӣ ҷой дода шудаанд.
Шумораи китобҳо ба мо имкон медиҳад, ки аз теъдоди умумии китобҳои сомона ба таври дақиқ огоҳ бошем. Бахши “Мо дар Facebook” пайванди саҳифа мо дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аст ва омори сомона моро аз шумораи корбарон воқиф месозад.
Ҳамчунин, пайванди наворҳои омӯзанда ҳам ҷиҳати тақвияти донишҳои техникиву илмии корбарон дар сомона ҷой дода шудааст.

Сарчашма

вироиш