«Вики-баҳор - 2024» — Бахши тоҷикии лоиҳаи байналмилалии навиштани мақолаҳои Википедиа Wikimedia CEE Баҳори 2024, ки 72 рӯзи баҳори соли 2024 (аз 21 март то 31 май) давом мекунад.

Ҳадаф ва маънои лоиҳа беҳтар намудани ҳамкориҳои бахшҳои гуногуни забони Википедия дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши худ дар бораи кишварҳои ҳамсоя ва инчунин пурра кардани муҳтавои Википедия бо забонҳои дигар мебошад.

Низомнома

  • Ҳама иштирокчиёни сабтиномшуда барои иштирок дар озмун иҷозат дода мешаванд (вақти сабтином муҳим нест).
  • Мақолаҳое, ки ба меъёрҳои зерин мувофиқат мекунанд, ҳуқуқи иштирок дар озмун доранд:
    • Мақола бояд аз ҷониби шумо дар давраи аз 21 март то 31 майи соли 2024 (бо вақти Маскав) ба забони тоҷикӣ навишта шавад ё ба таври назаррас пурра карда шавад.
    • Мавзӯи мақола метавонад аз луғатҳои мувофиқи дар поён овардашуда гирифта ё мустақилона интихоб карда шавад.
    • Мақолаи нав бояд ҳадди аққал 150 калима бошад.
    • Мақолаи мавҷуда бояд на камтар аз 70 калима васеъ карда шавад, ба шарте ки ҳаҷми аслии он аз 8000 байт зиёд набошад.
    • Мавзӯи мақола бояд муҳим бошад, мақола бояд манбаъҳо дошта бошад.
    • Мақола набояд аз тарҷумаи мошин иборат бошад.
    • Мақола набояд қолибҳоро дар бораи камбудиҳои муҳими қайдшуда дар бар гирад (масалан, {{Orissa}}, {{NTZ}}, {{No links}} ва ғайра).
    • Ҳар як мақолаи мувофиқ аз 1 то 3 хол мегирад. Агар мавзӯи мақола аз луғатҳо гирифта шуда бошад, холҳои он се маротиба зиёд мешаванд (яъне чунин мақола аз 3 то 9 хол гирифта метавонад).

Созмонҳои маҳаллӣ ва аъзоёни жюри

вироиш