Викигуфтовард
Викииқтибос (англ. Wikiquote) — Маҷмӯи озоди иқтибосҳо ва суханрониҳои шахсони барҷаста ё қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ, ки аз ҷониби хонандагон якҷоя эҷод мегардад. Ин вебгоҳ аз ҷониби Фонди Викимедиа ба воситаи даваки MediaWiki эҷод шудааст. Ибтидо 10 июни соли 2003 ба забони англисӣ пайдо шудааст.
URL | wikiquote.org |
---|---|
Навъи вебгоҳ | вебгоҳи MediaWiki[d] ва лоиҳаи Фонди Викимедиа[d] |
Сабтином | ҳатмӣ нест |
Молик | Wikimedia |
Бунёнгузор | Ҷимбо Вейлс |
Оғози кор | 27 июн 2003 |
Шиъор | the free quote compendium that anyone can edit |
Рутбаи Alexa | 4 197 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мазмуни лоиҳа дар доираи GNU Free Documentation License дастрас аст. Саҳмгузорӣ дар доираи лоиҳа моликияти бевоситаи офарандагон аст, литсензиякунонӣ кафолат медиҳад, ки мазмуни интишор ҳамеша озодона паҳн ва барқарор карда мешавад.
Қисмати русии Викииқтибос 21 сентябри соли 2004 интишор шуд, инчунин намунаҳои Викииқтибос ба забонҳои дигар мавҷуд аст.
Дар охири октябри соли 2014 қисмати аз ҳама сершумортарини Викииқтибос - ба забони полякӣ буд, ки зиёда аз 24,5 ҳазор мақоларо дар бар мегирифт. Қисмати русии Викииқтибос, ки қариб 10 ҳазор мақоларо бо иқтибосҳо дар бар мегирифт, аз рӯи шумораи мақолаҳо ҷойи чорумро баъд аз қисматҳои полякӣ, англисӣ ва италянӣ ишғол мекард. Умуман, Викииқтибос ба зиёда аз ҳаштод забон интишор мешавад ва дорои зиёда аз 174 ҳазор мақола аст.