Виктория (Виктория-Нянза, Укереве) — кӯл дар Африқои Шарқӣ, дар ҳудуди Танзания, Кения ва Уганда. Масоҳат — 68 ҳазор км², ҳаҷм — 2760 км³[1]. Дарозиаш 320 км, бараш 275 км.

Виктория (кӯл)
?
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Соҳилҳояш (дарозиаш беш аз 7 ҳазор км) пурпечутоб, халиҷҳои бисёре (калонтаринашон Кавирондо, Спика) дорад. Умқаш ба ҳисоби миёна 40 м, ҷойи амиқтаринаш 80 м. Виктория дар паҳнкӯҳи Африқои Шарқӣ дар баландии 1134 м аз с. б. воқеъ аст. Соҳилҳои Виктория асосан аз хоросангҳо, дар шимолу шарқ аз ҷинсҳои оташсӯз (вулканӣ), соҳили ғарбӣ аз регзорҳои давраи палеозой таркиб ёфтаанд. Соҳилҳои ғарбӣ ва шарқӣ дорои нишебҳо ва ҷарҳои зиёданд. Ба Виктория рӯдҳои бисёр мерезанд, серобтарини онҳо — дарёи Кагера (саргаҳи Нил). Аз кӯл дарёи Виктория — Нил ҷорӣ мешавад. Кӯлро даштҳо иҳота кардаанд. Зуд-зуд тӯфон рух медиҳад. Виктория моҳии зиёд дорад дар соҳилҳо ва резишгоҳи дарёҳо тимсоҳ вомехӯрад. Дар ҷазираи Рубондо (Танзания) боғи миллӣ мавҷуд аст. Виктория киштигард аст. Бандарҳои асосиаш: Энтеббе (Уганда), Мванза, Букоба (Танзания), Кисуму (Кения). Соҳилҳояш сераҳолӣ буда, пахта, қаҳва, шолӣ, банан, арзан парвариш карда мешаванд.

Мардуми бумӣ кӯлро Нянза ном мебаранд, ки маънояш «кӯли худӣ» мебошад. Онро соли 1858 сайёҳи англис Ҷон Спик кашф намуда, ба шарафи маликаи Бритониёи Кабир Виктория ном гузоштааст.

Адабиёт

вироиш