Виктор Баранов
Баранов Виктор Кириллович (11 июни 1901, деҳаи Шереметовкаи ноҳияи Сизрани вилояти Куйбишеви Русия – 26 июли 1970, Днепропетровск, Украина) — арбоби низомӣ, генерал-лейтенант (1945), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945).
Виктор Баранов | |
---|---|
![]() | |
Зодрӯз | 11 июн 1901 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 26 июл 1970 (69 сол) |
Маҳали даргузашт | |
Намуди қушун | cavalry[d] |
Рутба | Лашкарсолор |
Набард/ҷангҳо | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи М. Фрунзе (1937). Яке аз муборизони фаъоли зидди босмачигарӣ дар Тоҷикистон мебошад. Солҳои 1930–1935 сардори мактаби полки савораи тоҷик буд, забони тоҷикиро хуб медонист. Солҳои ҶБВ (1941–45) дар вазифаҳои баланди роҳбарии Артиши Шӯравӣ хидмат карда, то дараҷаи командири корпус расидааст. Корпуси мазкур таҳти роҳбарии Виктор Баранов соли 1945, дар ҳайати Ҷабҳаи якуми Украина ҳангоми гузаштан аз д. Элба, корномаи бемисле нишон дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамла ба Берлин нақши муҳим бозидааст. Баъди пирӯзии ҶБВ дар вазифаҳои гуногуни низомию давлатӣ дар Украина кор кардааст.
Ордену ҷоизаҳоВироиш
Бо орденҳои Ленин, Суворов, медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Герой Советского Союза. Краткий биографический словарь. М., 1987.
СарчашмаВироиш
- Баранов Виктор Кириллович / Б. Аҳмадов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.