Вилла Франк
Вилла Франк — навъе аз лимӯ. Дар ИМА рӯёнда шудааст.
Дарахташ сершох, шохаҳояш парешон, бехор, баъзан хордор. Баргаш сабзи кушод, нӯгтез ва думчадор. Гулаш нисбатан хурд буда, худ ба худ гардолуд мешавад. Самараш калон (вазнаш андаряк 118 г), тухмшакли дарозрӯя; пӯсташ суфта (ғафсиаш 3,4 мм), 27 дарсади меваро ташкил медиҳад. Гӯшти мевааш зарди рӯшан, серобу хушбӯй (аз 9-11 пора иборат аст); баъди пурра пухта расидан аз 4,01 % ҷавҳар, 24,8 мг% витамини С, 3,8 % қанд ва 12 % моддаҳои хушк иборат аст. Ҳар мева андар як 25 дона тухм дорад (баъзе меваҳо бетухманд). Онро тару тоза истеъмол мекунанд; барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан низ мувофиқ аст. Ниҳоли В. Ф. баъди 2-3 сол самар меорад (дар 7-8-солагӣ ҳосили фаровон медиҳад). Дарахти ин навъи лиму дар шароити иқлими Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ моҳҳои апрел — май гул мекунад. Аз ҳар бех дарахти 7-солааш андаряк 109 дона (аз баъзе дарахтонаш 200 дона) мева гирифтаанд. Дарахташ обталаб буда, ба гармӣ чандон эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин, ҳангоми гулшукуфт гармхонаро зуд-зуд шамол додан лозим аст. В. Ф.-ро дар Тоҷикистон аз соли 1981 мепарваранд. Дар ҷумҳурӣ барои афзоиши он аз қаламчаи лимуи Мейер истифода мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вилла Франк / С. Гулов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.