Вилояти Атирау
Вилояти Атйрау (қазоқӣ: Атырау облысы, русӣ: Атыpауская область) — яке аз вилоятҳои Қазоқистон аст. Дар пастии назди Каспий, дар самти шимол ва шарқии баҳри Каспий ҷойгир аст. Масоҳаташ 118 ҳазор км2. Аҳолиаш 556,3 ҳазор нафар (2014). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 4,58 нафар.
Атырау | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Маркази маъмурӣ | Атӯрау | ||
Роҳбар | Nurlan Nogaev[d] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таърихи таъсис | 15 январ 1938 | ||
Масоҳат | 118,6 км² | ||
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 ва Asia/Atyrau[d][1] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 472,2 нафар | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Рамзи ISO 3166-2 | KZ-23 | ||
Нишонаи почта | 060000 | ||
Коди мошинҳо | E,06 | ||
Вебгоҳи расмӣ | |||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироиш15 январи 1938 таъсис ёфтааст. Соли 1991 Атирау ном гирифтааст.
Бахшбандии кишварӣ
вироишВилоят 7 ноҳияи маъмурӣ, 2 шаҳр, 15 шаҳрак ва 56 ҷамоати деҳот дорад. Маркази маъмуриаш шаҳри Атирау. Ҳудуди Атирау ҳамвор, дар шимоли ноҳияи Индер теппаҳои бузург ва дар Пастии назди Каспий регзорҳои васеъ воқеъ гардидаанд. Дар вилоят конҳои истихроҷи нафту газ мавҷуданд.
Иқлим
вироишИқлимаш континенталии хушк. Ҳарорати миёнаи январ дар ҷануб — 3,4°С, дар шимол −10°С, июл 26°С ва 24°С. Миқдори бориши солона — 150—220 мм. Тобистон гармсел мевазад. Дарёҳои бузургаш: Урал, Эмба, Сагиз, Уил. Дар заминҳои қисми шимолии Атирау гиёҳҳои нимбиёбонии хӯшадор, явшон ва дар биёбонҳои қисми марказӣ ва ҷанубӣ рустаниҳои буттагию явшон мерӯянд. Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, гуроз ва аз парандаҳо дуғдоғ, лочини даштӣ мавҷуданд.
Иқтисод
вироишСоҳаҳои асосии саноаташ нафту газ, кимиё ва моҳигирӣ. Захираҳои нафт аз конҳои Тенгиз, Даулетали, Жана-Макат ва Боркилдакти истихроҷ карда мешаванд. Корхонаҳои саноатии бузургаш: З-ди истеҳсоли маҳсулоти нафт ва кимиёи Атирау, з-ди истеҳсоли ашёи хоми нафт ва гази моеи «Тенгизшевройл», корхонаи истихроҷи гази «КазМунайГаз». Хатти лӯлаи нафти Гурев — Орск, Узен — Гурев — Куйбишев дорад. Соҳаи асосии кишоварзӣ чорводорӣ буда, гӯсфанди қарокӯлӣ, гов, асп, шутур ва паранда мепарваранд. Парвариши сабзавот, картошка ва ғалла равнақ ёфтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи ҷуғрофиёи Қазоқистон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |