Вилояти Атирау

(Тағйири масир аз Вилояти Атйрау)

Вилояти Атйрау (қазоқӣ: Атырау облысы, русӣ: Атыpауская область) — яке аз вилоятҳои Қазоқистон аст. Дар пастии назди Каспий, дар самти шимол ва шарқии баҳри Каспий ҷойгир аст. Масоҳаташ 118 ҳазор км2. Аҳолиаш 556,3 ҳазор нафар (2014). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 4,58 нафар.

Атйрау
Атырау
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Атӯрау
Роҳбар Nurlan Nogaev[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 15 январ 1938
Масоҳат 118,6 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00 ва Asia/Atyrau[d][1]
Аҳолӣ
Аҳолӣ 472,2 нафар
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 KZ-23
Нишонаи почта 060000
Коди мошинҳо E,06
Вебгоҳи расмӣ
Атйрау дар харита
Атйрау дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

15 январи 1938 таъсис ёфтааст. Соли 1991 Атирау ном гирифтааст.

Бахшбандии кишварӣ

вироиш
 
Харитаи воҳидҳои маъмурӣи вилояти Атирау

Вилоят 7 ноҳияи маъмурӣ, 2 шаҳр, 15 шаҳрак ва 56 ҷамоати деҳот дорад. Маркази маъмуриаш шаҳри Атирау. Ҳудуди Атирау ҳамвор, дар шимоли ноҳияи Индер теппаҳои бузург ва дар Пастии назди Каспий регзорҳои васеъ воқеъ гардидаанд. Дар вилоят конҳои истихроҷи нафту газ мавҷуданд.

Иқлим

вироиш

Иқлимаш континенталии хушк. Ҳарорати миёнаи январ дар ҷануб — 3,4°С, дар шимол −10°С, июл 26°С ва 24°С. Миқдори бориши солона — 150—220 мм. Тобистон гармсел мевазад. Дарёҳои бузургаш: Урал, Эмба, Сагиз, Уил. Дар заминҳои қисми шимолии Атирау гиёҳҳои нимбиёбонии хӯшадор, явшон ва дар биёбонҳои қисми марказӣ ва ҷанубӣ рустаниҳои буттагию явшон мерӯянд. Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, гуроз ва аз парандаҳо дуғдоғ, лочини даштӣ мавҷуданд.

Иқтисод

вироиш

Соҳаҳои асосии саноаташ нафту газ, кимиё ва моҳигирӣ. Захираҳои нафт аз конҳои Тенгиз, Даулетали, Жана-Макат ва Боркилдакти истихроҷ карда мешаванд. Корхонаҳои саноатии бузургаш: З-ди истеҳсоли маҳсулоти нафт ва кимиёи Атирау, з-ди истеҳсоли ашёи хоми нафт ва гази моеи «Тенгизшевройл», корхонаи истихроҷи гази «КазМунайГаз». Хатти лӯлаи нафти Гурев — Орск, Узен — Гурев — Куйбишев дорад. Соҳаи асосии кишоварзӣ чорводорӣ буда, гӯсфанди қарокӯлӣ, гов, асп, шутур ва паранда мепарваранд. Парвариши сабзавот, картошка ва ғалла равнақ ёфтааст.

Адабиёт

вироиш