Воронеж — вилоят дар Федератсияи Русия. Соли таъсисаш 13 июни 1934. Дар Черноземяи Марказӣ воқеъ гардидааст.

Вилояти Воронеж
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Воронеж
Роҳбар Aleksandr Gusev[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 13 июн 1934
Масоҳат
  • 52 400 км²
Вақти минтақавӣ MSD[d], Europe/Moscow[d][1] ва UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 2 273 417 тан (2024)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 RU-VOR
Коди телефон 473
Коди мошинҳо 36 ва 136
Вебгоҳи расмӣ(рус.)
Вилояти Воронеж дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар ҷануб бо вилояти Лугански Украина ва вилояти Ростов, дар ғарб бо вилояти Белгород, дар шимолу ғарб бо вилояти Курск, дар шимол бо вилоятҳои Липеск ва Тамбов, дар ҷанубу шарқ бо вилояти Волгоград, дар шарқ бо вилояти Саратов ҳамсарҳад аст. Ба округи федералии Марказ дохил мешавад. Масоҳаташ 52,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 2,3 млн нафар (2014). Маркази маъмуриаш — шаҳри Воронеж, Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятӣ, иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят. Воронеж ба 32 ноҳия тақсим мешавад, 15 шаҳр (аз ҷумла 4 шаҳри тобеи вилоят), 21 шаҳрак дорад. Шаҳрҳои бузургаш: Воронеж, Борисоглебск, Россош, Острогожск, Поворино.

Таърих

вироиш

Нахустин бошишгоҳҳои одамон дар ҳудуди Воронеж ба ибтидои асри санг тааллуқ дорад. То ташкили давлати Рус дар ин ҷо қабилаҳои бодиянишин: печенегҳо (асрҳои 9-10), половетсҳо (асрҳои 11-12) ва ғ. маскун буданд. Қисми шимолу ғарбии вилояти ҳозира дар асрҳои 12-15 ба ҳайати Хонии Рязан дохил мешуд. Славянҳо дар водии д.-ҳои Воронеж ва Дон зиндагӣ мекарданд. Дар садаи XVI заминҳои Воронеж ба ҳайати давлати Рус дохил карда шуданд. Дар охири садаи XVI дар сарҳадҳои ҷанубу шарқии давлати Рус (ҳудуди Белгород) силсилаи иншооти муҳофизатӣ бунёд гардиданд. Қарори Пётри I дар бораи бунёди корхонаи киштисозӣ ва таъмири киштӣ дар Воронеж, ки баъд дар заминаи он аввалин флоти рус сохта шуд, омили муҳимми рушди кишвар гардид. Соли 1711 дар ин ҷо губ. Азов ташкил карда шуд, ки он соли 1725 ба губ. Воронеж табдили ном кард. Соли 1779 губерния ба вилоят ва соли 1796 боз ба губерния табдил дода шуд. Дар охири садаи XVIII — миёнаҳои садаи XIX губ. Воронеж ба ноҳияи бузурги кишоварзӣ табдил ёфт, зичии аҳолӣ се баробар афзуд. Дар нимаи дуюми садаи XIX махсусгардӣ ба соҳаи аграрӣ боиси аз губерния рафтани қувваи кор шуд. Соли 1928 вилояти Черноземяи Марказӣ (марказаш шаҳри Воронеж) ташкил карда шуд, ки собиқ губ.-ҳои Воронеж, Тамбов, Курск ва Орёлро муттаҳид мекард. 13.6.1934 вилояти Чернозёмяи Марказӣ ба вилоятҳои Воронеж ва Курск тақсим гардид. 27 сентябр 1937 аз ҳайати Воронеж вилояти Тамбов ҷудо шуд. Воронеж дар қисми марказии ҳамвории Аврупои Шарқӣ, дар ҳавзаи ҷараёни миёнаи дарёи Дон воқеъ буда, қисми ғарбиаш дар Баландии Миёнаи Рус, шарқиаш дар ҳамвории Окаю Дон ва баландии Калач (то 234 м) ҷой гирифтааст. Дар Воронеж конҳои масолеҳи бинокорӣ (хоро, оҳаксанг, регсанг, ашёи хоми семент) амал мекунанд. Дар ҳудуди ноҳияҳои Семилуки, Хохолский захираи фосфоритҳо мавҷуд аст. Вилоят захираҳои калони никел, бӯр ва платина дорад. Иқлимаш континентии муътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз — 8,5 то — 10,50С, июл аз 19,6 то 21,80С. Боришоти солона дар шимолу ғарб 600 мм, дар ҷанбу шарқ то 450 мм. Дар ҳудуди вилоят 738 кӯл ва 2408 ҳавз ҷойгир буда, 1343 дарёи дарозиаш беш аз 10 км ҷорӣ мешавад. Ҳамаи дарёҳои вилоят ба ҳавзаи Дон мансубанд. Шохобҳои асосии Дон: Ведуга, Девитса, Потудан, Тихая Сосна, Чёрная Калитва, Воронеж — Битюг, Осеред. Қариб 10 дарсади майдони вилоят аз бешазор иборат аст. Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, саги енотмонанд, заргӯш, юрмон ва ғ. вомехӯранд. Дар дарёҳо ва ҳавзҳои вилоят шӯртан, суфмоҳӣ, лаққамоҳӣ, зағорамоҳӣ, моҳии сурхбол, аломоҳӣ, симмоҳӣ ва ғ. ҳастанд.

Саноат ва кишоварзӣ

вироиш

Воронеж ноҳияи бузурги саноатию аграрӣ аст. Дар вилоят саноати мошинасозӣ (истеҳсоли мошинаҳои оҳангарию манганакунӣ, экскватор, таҷҳизоти саноати маъдантозакунӣ, дастгоҳҳои филиззбурӣ, мошинҳои кишоварзӣ, телевизор, радио, самолёт — аэробусҳои мусофиркаш), электроэнергетика ва кимиё (истеҳсоли каучуки синтезӣ, шинаи мошин, дорувор), масолеҳи бинокорӣ (семент, тахтаҳои сафолӣ, рангҳои минералӣ) ривоҷ ёфтааст. Вилоят корхонаҳои равған, қанд, гӯшт ва ғ. дорад. Соҳаҳои асосии кишоварзӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Бештар гандуми тирамоҳӣ, ҷав, офтобпараст, лаблабуи қанд, инчунин зироати техникӣ, картошка ва сабзавот мекоранд. Барои гӯшту шир гов, хуку гӯсфанд, асп ва паранда мепарваранд.

Аз ҳудуди вилоят шоҳроҳҳои автомобилгарди федералии Маскав — Воронеж — Ростови лаби Дон, Тамбов — Воронеж — Курск — Белгород, Воронеж — Саратов мегузаранд. Тӯли роҳҳои автомилгард — 9070 км, р. о. — 1189 км. Дар дарёи Дон ду бандари дарёӣ — Лисинск ва Воронеж фаъолият доранд, ки киштигардиро бо баҳрҳои Азов, Каспий ва Сиёҳ таъмин мекунанд. Тӯли роҳҳои киштигарди дохилӣ — 573 км. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бузургтарин хатти лӯлаҳои газ: Ставропол — Маскав ва Шебелинка — Острогорск. Дар Воронеж Донишгоҳи давлатии Воронеж, донишгоҳҳои техникаи ҷангал, омӯзгорӣ, техникӣ, академияи тиббӣ, филиалҳои дигар мактабҳои олии Русия фаъолият доранд. Дар вилоят қариб 50 осоишгоҳу истироҳатгоҳ амал мекунад. Барои муҳофизати ҳайвонот мамнуъгоҳҳои «Воронеж» (31 ҳазор га), «Хопёр» (16,2 ҳазор га), қӯруқи «Каменная стена» (5,2 ҳазор га) ташкил карда шудаанд. Осорхона — мамнӯъгоҳи бостоншиносии «Котёнки», осорхона — мамнуъгоҳи табиии таъриху бостоншиносии «Дивногоре» мавҷуданд.

Адабиёт

вироиш
  • Гришин Г. Т. Воронежская область. Воронеж, 1967;
  • Загаровский Воронеж П. История Воронежского края от А до Я. Воронеж, 1982;
  • Загаровский Воронеж П. История вхождения Центрального Черноземья в состав Российского государства в XVI веке. Воронеж, 1991;
  • Воронежская область: Атлас. Новосибирск, 2009.

Сарчашма

вироиш


 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи