Вилояти мухтори Яҳудиён
Вилояти мухтори Яҳудиён (идиш: ייִדישע אויטאָנאָמע געגנט Yidishe oytonome gegnt)[2] — воҳиди федероли Русия. 7 майи 1934 таъсис ёфтааст. Дар ҷануб бо Хитой ва Русия, дар шимол ва шарқ бо кишвари Хабаровск, дар ғарб бо вилояти Амур ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 36 ҳазор км2. Аҳолиаш 172,6 ҳазор нафар (2013), асосан русҳо (83,9%), украинҳо (4,4%) ва яҳудиён (1,2%) зиндагонӣ мекунанд. Мансуби округи Федералии Шарқи Дур ва ноҳияи иқтисодии он мебошад. Маркази маъмурияш – шаҳри Биробиҷон.
русӣ: Еврейская автономная область идиш: יידישע אויטאנאמע געגנט | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Маркази маъмурӣ | Биробиҷон | ||||
Роҳбар | Ростислав Голдштейн | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 7 май 1934 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Вақти минтақавӣ | VLAT[d] ва Asia/Vladivostok[d][1] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ |
|
||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Рамзи ISO 3166-2 | RU-YEV | ||||
Коди телефон | 426 | ||||
Коди мошинҳо | 79 | ||||
Вебгоҳи расмӣ(рус.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз ҷиҳати маъмурӣ аз 5 ноҳия, 2 шаҳр ва зиёда аз 90 деҳа иборат аст. Аксари аҳолӣ пайрави дини православӣ мебошанд. Мутобиқи маълумоти бостоншиносӣ дар ҳазорсолаи 3 то м. дар ҳудуди В.М.Я.-и ҳозира қабилҳои фарҳанги кандор, урал ва полсев сукунат доштанд. Дар ибтидои солшумории милодӣ дар ин минтақа қабилаҳои мохэ, дертар чжурҷенейҳо зиндагонӣ кардаанд. Дар асрҳои 8–10 ин музофот дар ҳайати давлати Бохай, асрҳои 13–14 тобеи Империяи муғулҳо буд. Дар миёнаҳои асри 17 дар ин минтақа сайёҳон (кишваркушоён)-и рус пайдо шуданд, вале тибқи Шартномаи Нерчин (1689) Русия ва Хитой барои дар ин минтақа маскун нашудан уҳдадор шуда буданд. Дар нимаи 2-юми асри 19 сипоҳиёни қазоқ соҳили чапи д. Амурро тассаруф намуданд. Тибқи шартномаи Ойгун (1858) ва Аҳдномаи Пекин (1860) соҳилҳои чапи д. Амур ба ҳайати вилоятҳои Амур ва Приморскийи Русия ворид шуданд. Соли 1920 ҳудуди пешинаи Вилояти мухтори Яҳудиён ба ҳайати Шарқи Дури Русия ва солҳои 1922–1928 ба ҳайати губ. Амур, минбаъд кишвари Шарқи Дур дохил гардид. Соли 1930 ноҳияи миллии Биробиҷон таъсис ёфт, ки соли 1934 ба Вилояти мухтори Яҳудиён табдили ном кард. Охири солҳои 1940 ва ибтидои 1950 ҳаракати «Мубориза алайҳи космопилитизм» ва табъиду тазйиқот аксари яҳудиёни ин минтақаро водор ба муҳоҷират кард. Раванди ҳиҷрат дар солҳои 90 асри 20 бештар авҷ гирифт. Тибқи маълумоти барӯйхатгирии аҳолии соли 2002 шумораи яҳудиён ба 1,2% расида буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://data.iana.org/time-zones/tzdb-2021e/europe
- ↑ חיים מאלטינסקי. דער מאָסקווער משפּט איבער די ביראָבידזשאנער. — פארלאג ״ניי־לעבן״, 1981. — С. 61. — 258 с.
Адабиёт
вироиш- Вилояти мухтори Яҳудиён // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.