Вилоят (фиқҳ)
Вилоят (ар. ولاية — ҳукмронӣ; тасарруф; наздикӣ, дӯстӣ) — дар фиқҳ ҳукумат ва тасарруф дар амре, кафили кори касе шудан.
Фақеҳон вилоятро ба ду навъ: омма ва хосса ҷудо кардаанд. Вилояти омма дар давлатҳои исломӣ вобас- та ба кишварҳо ва асрҳову урфҳо шаклҳои гуногун дошта, тибқи тақсимоти фақеҳон беш аз 20 навъро ташкил медиҳад, аз ҷумла, имомати кубро (бар хилофи имомати суғро, ки имомати намоз аст), вилояти вазорат, вилояти қазо (додгоҳӣ), вилояти мазолим (додситонӣ), вилояти иморат (ҳукумат), вилояти шурта (назорати тартиботи ҷомеа), вилояти ҳисба (назорати иҷрои аҳкоми шаръ), вилояти фармонравоӣ бар ҷиҳод ва ғайра. Вилояти хосса ду навъ аст: вилоят бар мол ва вилоят бар нафс. Вилоят бар мол қудрати тасарруф бар моли худ ва ғайр аст. Вилояти бар нафс қудрати тазвиҷ (хонадор кардан), таълиму тарбия, нигоҳубин, ба коре машғул сохтан ва амсоли ин аст.
Вилояти Аллоҳ (дӯстии Худованд) низ ду навъ дониста мешавад: омма ва хосса. Вилояти омма миёни ҳамаи муъминони парҳезгор муштарак аст (Қуръон: 2, 257; 3, 68).
Вилояти ҳар кас вобаста ба андозаи имонаш ба Худованд ва парҳезгории ӯст. Ҳар ки аз рӯйи имон ва тақво комилтар бошад, вилояташ ҳам акмал аст. Вилояти хосса қиём аз барои Аллоҳ, баргузидани Ӯ бар ҳамаи он чӣ ғайри Ӯст дар тамоми аҳвол буда, муроду мақсади шахсро танҳо ризои Худованд, наздикӣ ҷустан ба Ӯ ва дӯстии Ӯ ташкил медиҳад.
Дар тасаввуф вилоят аз қоим будани банда ба Ҳақ таоло ҳангоми фанои аз хеш иборат аст, ки ин ба воситаи кори ӯро уҳдадор шудани Ҳақ ва ба ниҳояти мақоми қурбу тамаккун расонданаш сурат мегирад. Суфия ҳам вилоятро бар ду қисм медонад: омма ва хосса. Вилояти омма барои ҳамаи касонест, ки ба Худо имон оварда ва амали солеҳ доранд. Вилояти хосса махсуси восилон аз арбоби сулук буда, аз фанои банда дар Ҳақ ва бақои ӯ бо Ҳақ иборат аст. Ин вилоят худ бар ду навъ аст: атоӣ ва касбӣ. Дар вилояти атоӣ ҷазб ва кашиш ба сӯйи Худованд пеш аз муҷоҳада ҳосил мешавад, аммо дар вилояти касбӣ кашиш ба дунболи риёзат ва муҷоҳада ба даст меояд.
Орифон бар ин назаранд, ки доираи вилоят васеътар аз доираи нубувват аст. Нубувват ҷиҳати зоҳири вилоят ва вилоят ҷиҳати ботини нубувват, нубувват ҷиҳати халқӣ ва вилоят ҷиҳати ҳаққӣ аст. Камоли вилоятро ниҳоят нест, бинобар ин маротиби авлиё номутаноҳист. Миёни вилоят ва нубувват фарқ вуҷуд доранд. Аз ҷумла:
- Исмат. Анбиё вуҷубан маъсуманд, дар ҳоле ки авлиё чунин нестанд.
- Имон ба ҳамаи он чи паёмбарон аз Худованд хабар мерасонанд ва воҷиб будани итоату пайравӣ аз фармудаҳои онҳо. Аммо итоат ба ҳар он чи авлиё мефармоянд ва бовар кардан ба ҳар он чи онҳо хабар медиҳанд, воҷиб нест.
- Ба паёмбарон ваҳй мерасад ва онҳо малакро мебинанд, аммо авлиё чунин нестанд ва бояд ба набӣ пайравӣ намоянд, ҳатто ин ки агар валӣ иддиои нубувват намояд, душмани Худо мешавад, на дӯсти Ӯ.
- Анбиё маъмур ба таблиғи аҳком ва соири он чи ба онҳо аз Худованд ваҳй мешавад ва иршоди халқ ҳастанд, аммо авлиё чунин нестанд, зеро онҳо инро бевосита аз роҳи ваҳй намегиранд, балки ба анбиё пайравӣ менамоянд.
- Амният аз хотимаи бад. Анбиё аз хавфи хотимаи бад дар амонанд, аммо валӣ, то он даме ки зинда аст, намедонад, ки бо имон аз дунё меравад, ё не.
- Нубувват қатъ мешавад (баъди Муҳаммад (с) дигар набие нест), аммо вилоят то барпошавии рӯзи қиёмат идома меёбад. Боби нубувват баста шудааст, бар хилофи вилоят, ки боби он кушода аст. Аммо баъзе орифон вилоятро низ монанди нубувват дорои хотам медонанд, ҳарчанд дар мавриди хатми вилоят андешаҳои гуногун баён кардаанд.
Баъзе орифон муддаӣ шудаанд, ки мақоми вилоят аз нубувват болотар аст. Чунонки Абунасри Сарроҷ дар «ал-Лумаъ фи-т-тасаввуф» мегӯяд, касоне, ки вилоятро бар нубувват бартарӣ додаанд ва ба гумроҳӣ афтодаанд, бунёди хатои худро бар қиссаи Мусо ва Хизр (Қуръон: 18: 65-82) ниҳодаанд.
Ба ақидаи Ибни Арабӣ мақоми нубувват дар мартабаи барзах мебошад, пойинтар аз валӣ ва болотар аз расул, ба ин маъно ки нубувват дар мартабаи пойинтар аз вилоят ва болотар аз рисолат қарор дорад. Нигар низ Валӣ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вилоят / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.