Вима Кадфиз
Вима Кадфиз (Кадфизи II) (бохт. ΟΟΗΜΟ ΚΑΔΦΙϹΗϹ, чинӣ: 阎膏珍 [Янгаочжэн]; зод. асри I) — шоҳаншоҳи Кушонӣ (113—127), писари Вима Такто ва падари Канишка.
90 — 100 | |
Пешгузашта | Вима Такто |
Ҷонишин | Канишка |
Таваллуд | асри I |
Падар | Вима Такто |
Фарзандон | Канишка |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Корнома
вироишСиёсати кишваркушоии падарашро идома дода, Ҳинди Шимолиро истило намуд ва волии худро гузошт, ки унвони «сатрапи бузург»-ро гирифт. Дар Матҳура (Ҳинди Шимолӣ) ҳайкали сангине ёфт шуд, ки дар катибаи рӯйи он номи Вима Кадфиз сабт шудааст. Ӯ ба хотири ҳифзи сарҳадҳои шимолӣ ва омодагӣ барои истилои Тянчжу (Ҳинди Марказӣ) соли 84 бо Кантсзю ақднома ба имзо расонида, пойдории аҳдномаро бо никоҳи хешовандӣ мустаҳкам намуд. Давраи ҳукумати ӯро муҳаққиқон тақр. 60 сол муайян менамоянд. Вале ба ақидаи муҳаққиқон, азбаски падари Вима Кадфиз Куҷула Кадфиз тақр. 80 сол ҳукумат карда, давлати Юеҷиҳои Бузургро ба шоҳаншоҳии Кушониён табдил додааст, Вима Кадфиз ҳукуматро дар даврони калонсолӣ қабул намуда, наметавонист дурудароз дар сари қудрат бошад.
Дар аҳди Вима Кадфиз бунёди иншоотҳои обёрикунанда, наҳрҳои тӯлонӣ авҷ гирифт, ки ба рушди обёрии заминҳо ва самаранокии кишоварзӣ мусоидат намуд, ҳамчунин шаҳру истеҳкомҳои нав сохта шуданд. Дар баробари таҳкими қудрати ҳокимияти марказӣ Кадфизи II ислоҳоти пулию молӣ доир намуд (соли 90), ки дар чаҳорчӯби он тангаҳои тиллоии вазнашон 8-граммиро сикка зада, дар онҳо худро «шоҳи шоҳон, наҷотбахши кабир» унвон намуд. Ислоҳоти пулии Вима Кадфиз тадбири муҳимми молиявию иқтисодӣ буда, воҳидҳои пулии Руму Портро дар рақобати додуситади Роҳи бузурги абрешим аз муомилоти бозорҳои империяи кушониён коҳонд. Муҳаққиқон дар ин тангаҳои тилоии Вима Кадфиз омезиши арзишҳои шарқӣ, будоӣ ва ҳиндуиро мушоҳида намудаанд. Дар тангаҳои қадим тасвири шоҳон бо хилъати кушода дида намешавад, ҳол он ки ин ҳолат дар тангаҳои Вима Кадфиз ба назар мерасад. Ҳамчунин дар ин тангаҳо рамзи авлодии шоҳони кушонӣ ва се шохаи худои ҳиндуҳо Шива ба назар мерасанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вима Кадфиз / А. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.