Вина (соз)
Вина, бин — сози мусиқии тории ҳиндӣ, бо мизроб навохта мешавад. 7 тор дорад: 4 тори мелодикӣ ва 3 тори резонаторӣ.
Кишвари созанда | |
---|---|
Вазъияти мероси фарҳангии ғайримоддӣ | National List for Intangible Cultural Heritage (ICH)[d][1] |
Таснифи Ҳорнбостел-Закс | 3 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Косааш доирашакл, аз кадуи хушкида сохта мешавад (қутраш қариб 450 мм). Гарданаи коса ғафси дарози чӯбин буда, 4 гӯшак дорад. Дастааш (дарозиаш 500 мм, бараш 60 мм) аз чӯби бамбук буда, дар он 19-24 парда насб шудааст. Дар рӯйи пардаҳо 4 тори мелодикӣ ва аз бари даста 3 тори резонаторӣ кашида шудаанд. Торҳои мелодикӣ аз «до»-и октаваи якум, «сол» то «до»-и октаваи хурд ва «сол»-и октаваи калон, торҳои резонаторӣ аз «до»-и октаваи дуюм, «сол» то «до»-и октаваи якум ҷӯр мешаванд. Аз замонҳои қадим зиёда аз 20 намуди вина маълум аст. Вина ҳангоми сурудхонӣ ва рақс истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вина / Ҷ. Обидпур // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.