Виндафарн (порсии бостон: Vindafarnâ), Интафрен (юн.-қад. Ίνταφέρνης; солҳои 70 асри VI то м.-520 то м.) — яке аз давлатмардон ва волиёни аҳди Ҳахоманишиён.

Виндафарн
Таваллуд асри VI то м.
Даргузашт номаълум

Аз ҷумлаи ҳафт пешвои бонуфузи қабилаҳои порсҳост, ки номаш дар Катибаи Бесутун зикр шудааст. Виндафарн дар аҳди давлатдории Куруши II (559—530 то м.) яке аз сипаҳсолорон дар кишваркушоии Осиёи Хурд буд. Ба қавли Ҳеродот Виндафарн дар ибтидои ба сари қудрат омадани Куруши II муддате аз муттаҳидсозии қабилаҳои порсҳо саркашӣ намуда, сипас волии Кармания — сарвари кирмониҳо таъйин шуд. Дар замони лашкаркашии Камбуҷия ба Миср (526—522 то м.) бо худ, ки бештар аз ҳамқабилаҳояш кирмониён гирд оварда буд, дар фатҳи шаҳри Мемфис ва минтақаҳои болооби рӯди Нил ширкат варзидааст. Баъди марги Камбуҷия (522 то м.) ҳамроҳи ҳафт пешвои қабилаи порсҳо — Гобрия, Отан (Утана), Видарн (Гидарн) ва дигарон дар сарнигун сохтани Гаумата, ки худро бардурӯғ Бардияи писари Куруш хонда, тоҷу тахти Ҳахоманишиёнро рабуда буд, иштирок дошт. Драманигори юнонӣ Эсхил, ки мушоҳиди бевоситаи муҳорибаи Саламин бо порсҳо буд, дар фоҷиаи «Порсҳо» Виндафарн (Интаферн)-ро кушандаи Гаумата медонад. Виндафарн сипаҳсолори ҷасур ва бебок буда, дар саркӯбсозии ошӯбҳои зидди Дорои 1 дар Бобил бо сарварии Араха (522 то м.) қаҳрамонӣ нишон дода, ӯро асир гирифт. Мутобиқи маълумоти баъзе таърихнигорони юнонӣ Виндафарн дар ибтидои шоҳаншоҳии Дорои I дубора волии Кармания таъйин шудааст. Ба ақидаи Ҳеродот, барои бебокӣ ва густохияш аз ҷониби Дорои I ба пиндори сӯиқасд маҳкуми зиндон гашта, тақр. соли 520 кушта мешавад.

Адабиёт

вироиш