Виниласетилен
(Тағйири масир аз Винилатсетилен)
Виниласетилен, бутенин, HC ≡ C – CH = CH2 — як навъ карбогидриди беҳадди содатарин, ки бандҳои карбон-карбони дучандаву сечанда дорад; гази беранг; t ҷӯшиш 5,5°С, зичиаш 0,6870 г/см3 дар 0°С. Виниласетиленро дар натиҷаи димеризатсияи асетилен зери таъсири намакҳои мис дар маҳлули хлориди аммоний (50 – 100°С) ҳосил мекунанд:
Общие | |
---|---|
Хим. формула | C₄H₄ |
Таснифот | |
Рег. номер CAS | 689-97-4 |
PubChem | 12720 |
Рег. номер EINECS | 211-713-3 |
SMILES | |
InChI | |
ChEBI | 48088 |
ChemSpider | 12197 |
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного. |
2CH ≡ CH → CH ≡ C – CH = CH2
Виниласетилен зуд ба реаксия ворид мешавад; атоми гидрогени канории гурӯҳи CH мумкин аст ба филиззот, галогенҳо, MgX (Х–галоген) ва ғ. иваз гардад. Реаксияи нисбатан муҳим реаксияи виниласетилен бо HCl аст. Дар натиҷаи он хлоропрен ҳосил мешавад, ки онро барои синтези каучуки хлоропренӣ истифода мебаранд. Виниласетилен зуд оксид ва полимеризатсия мегардад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Винилатсетилен // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.