Винти Архимед — дастгоҳ (механизм) барои кашидани об аз обанборҳои аз сатҳи замин поён ҷойгиршуда.

Онро тақрибан соли 250 то м. риёзидон ва механики Юнони Қадим Архимед кашф кардааст. В. А. наварди винтшакле мебошад, ки дар даруни қубури моил (тақр. 40° ба сӯйи уфуқ) ҷойгир шудааст. Қисми поинии қубурро ба даруни об мегузоранд. Навард асосан бо ёрии чарх (муҳаррик)-и бодӣ тоб мехӯрад ё онро дастӣ тоб медиҳанд. Ҳангоми тоб хӯрдани навард об бо қубур ба баландии 4-5 м боло баромада, ба наҳрҳои обрасон ҷорӣ мешавад. В. А.-ро барои хушк кардани заминҳои наздибаҳрӣ (заминҳои полдерӣ), ки минбаъд кишт мешуданд (дар Ҳолландия), инчунин дар дастгоҳҳои коркарди обҳои чиркин ба кор мебурданд. Тарзи кори В. А. дар дастгоҳҳое, ки ба тавассути онҳо дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ моҳиро аз ҳавзҳо беозор мебароранд, истифода мешавад. Дар техникаи автомобилӣ В. А.-ро ба ҷойи чархи мошин кор фармудан мумкин аст. Дар ин маврид сохти винтро тағйир дода, онро тавре васл мекунанд, ки ба наварди мошин ҳаммеҳвар бошад. Дар натиҷа автомобил ба мошини ҳамаҷогард табдил ёфта, ҷойҳои душворгузар (мисли ботлоқзорҳо)-ро ба осонӣ убур мекунад.

Адабиёт

вироиш