Виргатсия
Виргатсия (аз лот. virgatio — ба шохаҳо тақсимшавӣ) — ба шохаҳо тақсимшавии силсилакӯҳҳо. 1. Дар илми тектоника ба шохаҳо ҷудошавии маҷмӯи (банди) чинҳо ё ҷудошавии чини алоҳида. В. дар натиҷаи фурӯравии минтақаҳои чиндор ё дар марҳалаи анҷомёбии чинхӯрдашавӣ пайдо мешавад. Истилоҳро ба ин мазмун заминшиноси австриягӣ Э. Зюсс (1831—1914) соли 1885 пешниҳод кардааст. 2. Дар илми геоморфология — дар як самт ба шохаҳо тақсимшавии қ-кӯҳҳо, масалан, ба самти ғарб ба шохаҳо тақсимшавии қ-кӯҳи Олой.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Виргатсия / М.Ҷанобилов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.