Висмутин
Висмутин (аз юн. vismut — сурби сафед) — минерал аз гурӯҳи сулфидҳо.
Висмутин в кварце из Калифорнии | |
---|---|
Формула | Bi2S3 |
Физические свойства | |
Цвет | Белый с серым оттенком |
Цвет черты | Серый |
Блеск | Сильный металлический |
Прозрачность | Непрозрачен |
Твёрдость | 2 |
Спайность | Весьма совершенная |
Излом | Раковистый; хрупок |
Плотность | 6,4—7,1 г/см³ |
Сингония | Ромбическая |
Формулаи кимиёияш Bi2S3. Дар таркибаш 81,2 % Bi, 18,8 % S ва ба миқдори хеле кам Pb, Cu, Fe, As, Sb, Te ва дигар унсурҳо дорад. Шӯшабандиаш ромбӣ. Сохтори шӯшавиаш ба антимонит хеле монанд аст. Агрегатҳояш низ ба мисли антимонит яклухту донадор, маншуршакл, дарозрӯя, шуоӣ мебошанд. Рӯяҳои шӯшаҳояш (кристаллҳояш) рахҳои амудӣ доранд. Рангаш аз ранги антимонит равшантар — сафеди нуқратоб буда, бо мурури замон хира мегардад. Ранги хокааш сурбии хокистарӣ. Ҷилояш филиззӣ. Сахтиаш 2-2,5. Гусехташ комил ва ғайрикомил, ҷойи шикасташ зинадори ноҳамвор. Вазни хосаш нисбатан баланд — аз 6400-6700 кг/м3 то 7100 кг/м3. Ба антимонит (Sb2S3) хеле монанд аст. Барои ҷудо карданаш аз натиҷаи таҳлилҳои рентгенӣ, кимиёӣ, оптикӣ истифода мебаранд. Бо таъсири шуълаи найчаи лаҳим ба осонӣ гудохта мешавад. Дар конҳои ҳидротермии баландҳарорати форматсияи гранитӣ ҳамроҳи пирит, халкопирит, волфрамит, магнетит, гематит, турмалин, мусковит, касситерит, висмути холис, козалит, айкинит, арсенопирит, молибденит ва дигар минералҳо вомехӯрад. Тақр. нисфи захираҳои умумиҷаҳонии висмут дар ҳафт кишвар — Перу, Хитой, Канада, Австралия, Мексика, Ҷопон, Боливия воқеъ гардидааст. Дар конҳои Шоҳқадам, Адрасмон, Кафтархона ва дигар конҳои Қарияи Мазори Тоҷикистон низ дучор меояд. В. барои ҳосил кардани висмут маъдани муҳим аст. Нигар низ Висмут.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Висмутин / М. Ҷанобилов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.