Витали, Иван Петрович
Ҷованни Витали, маъруф ба Иван Петрович Вита́ли (1794[1][2][3][…], Санкт-Петербург — 5 [17] июл 1855, Санкт-Петербург) — ҳайкалтароши рус, намояндаи класситсизми охир.
Витали, Иван Петрович | |
---|---|
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат | |
Таърихи таваллуд | 1794[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 (17) июл 1855 |
Маҳалли даргузашт | |
Таҳсил: |
Зиндагинома
вироишДар Санкт-Петербург, дар оилаи Петро Витали — ҳайкалтарош ва қолабгари итолиёӣ ба дунё омадааст. Ҷованни Витали соли 1818 дар Маскав ҳамчун тармимгари манзилу маҷмааҳои харобгашта дар ҷанги соли 1812 кор кард. Композитсияҳои машҳури ӯ (аробаи дучархаи Шараф, релйефи «Озодкунии Маскав» ва ғ.) барои Тоқҳои нусрат (1829-34, меъмор О. Бобе), инчунин ҳайкалҳо барои фаввораҳои назди майдонҳои Лубянская («Чаҳор рӯдхона») ва Театралная («Аллегорияи театр, мусиқӣ ва назм»; ҳар ду биринҷӣ, 1835). Пас аз бозгашт ба Петербург (1841) ба ороиши калисои ҷомеи Исҳоқ машғул шуд. Ҳайкали Павели I-ро (аз биринҷӣ, 1851) сохт, ки гунаҳои он дар Гатчин ва Павловский гузошта шуданд. Ҳамчунин чанд портрет (аз ҷумла «А. С. Пушкин», аз мармар, 1836 ва ғ.) офаридааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Union List of Artist Names (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ 3.0 3.1 Benezit Dictionary of Artists (ингл.) — OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
Адабиёт
вироиш- Витали Иван Петрович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.