Витаминшифоӣ
Витаминшифоӣ — бо мақсади муолиҷа истифода бурдани витаминҳо. Витаминшифоӣ ҳангоми баъзе бемориҳои узвҳои дарунӣ, пӯст, иллати асабия ва ғ., инчунин бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷи андомгон ба витамин, зимни ҳомилагӣ, ширмаконӣ ва ғ. муфид аст. Дар сурати дар андомгон тамоман набудан (авитаминоз) ё нарасидани витаминҳо (гиповитаминоз) витаминшифоӣ табобати асосӣ маҳсуб мешавад. Истифодаи аз ҳад зиёди витаминҳо ҷоиз нест. Миқдори муайяни витамине, ки духтур таъйин кардааст, бояд қатъӣ риоя карда шавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Витаминшифоӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.