Витебск
Витебск (беларусӣ: Віцебск) — шаҳр дар Беларус, маркази маъмурии вилояти Витебск. Дар соҳилҳои дарёи Двинаи Ғарбӣ, дар резишгоҳи д. Витба (номаш аз ҳамин ҷо гирифта шудааст) ҷойгир аст. Аҳолиаш 372 ҳазор нафар (2014). Аз Витебск роҳҳои оҳани Смоленск (Русия) – Даугавпилс (Латвия), Санкт-Петербург (Русия) – Одесса (Украина) мегузаранд. Лангаргоҳи дарёӣ ва фурудгоҳ дорад.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
беларусӣ: Віцебск | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Q115715792?[1] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 974 | ||||
Аввалин номбарӣ | 1021 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 164 м[2] | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 212 | ||||
Нишонаи почта | 210000–210999 | ||||
vitebsk.gov.by(рус.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишОдамон дар Витебск охири асри 9 маскун шудаанд. Тибқи ривоят соли 974 дар ин ҷо қалъае сохта шудааст, ки бори аввал дар солномаҳои соли 1021 ёдоварӣ мешавад. Аз соли 1011 маркази мулки князӣ. Соли 1320 таҳти салтанати князҳои Литва гузашт. Дар асрҳои 14–18 маркази бузурги тиҷорат дар ҳайати Князии бузурги Литва ва Речи Посполитая буд. Аз соли 1506 маркази воевода (вилоят). Солҳои 1597–1623 соҳиби ҳуқуқи Магдебург буд. Соли 1708 лашкариёни Рус онро хароб карданд. Аз соли 1772 дар ҳайати Русия. Аз соли 1796 маркази губернияи Белорусия, солҳои 1802–1924 губернияи Витебск. Дар замони Ҷанги ватании соли 1812 хароб гардид. Аз соли 1924 дар ҳайати ҶШС Белорусия. Дар давраи ҶБВ (1941–1945) 90 дарсад хароб ва қисми зиёди аҳолиаш ҳалок гардид.
Иқтисод
вироишДар Витебск мошинасозӣ (дастгоҳсозӣ, асбобсозӣ, истеҳсоли телевизор), саноати сабук (дӯзандагӣ, пойафзор, кашбофӣ), коркарди чӯб тараққӣ кардааст.
Фарҳанг
вироишОсори меъморӣ: калисои Благовешенск (асри 12), қасри губернатор (асри 18), бинои ратуша (1775), калисои ҷомеи Покров (1760), калисои қазонии дайри Троиск (1760), калисои католикии Барбараи Муқаддас (1885) ва ғ. Витебск дорои донишгоҳҳои технологӣ, тиббӣ, академияи домпизишкӣ, осорхонаи бадеӣ, осорхонаи М. Шагал (дар Витебск таваллуд шудааст) театрҳо мебошад. Дар Витебск ҳар сол фестивалҳои байналмилалии санъати «Славянский базар» ва мусиқии ба номи И. И. Соллертин баргузор мегарданд. Дар музофоти Витебск осорхона – ҳавлии И. Е. Репин воқеъ аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Председатели Витебского горисполкома — Viciebsk City Executive Committee.
- ↑ https://it-ch.topographic-map.com/map-r3q7cz/%D0%92%D1%96%D1%86%D0%B5%D0%B1%D1%81%D0%BA/?zoom=19¢er=55.18997%2C30.21191&popup=55.1901%2C30.21179
- ↑ Численность населения на 1 января 2024 г. и среднегодовая численность населения за 2023 год по Республике Беларусь в разрезе областей, районов, городов, поселков городского типа — National Statistical Committee of the Republic of Belarus, 2024.
Адабиёт
вироиш- Витебск // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.